Август 08, 2023 10:47 Asia/Dushanbe

Полиси Бангладеш аз тазоҳуроти ҳазороннафарии шаҳрвандони хашмгину мусулмони Бангладеш ба хотири сӯзондани даҳҳо нусхаи Қуръон дар ин кишвар хабар дод.

Бангладеш 170 миллион ҷамъият дорад, ки 90 дарсади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. Хушунатҳои муртабит бо эҳсосоти мазҳабӣ дар Бангладеш роиҷ аст ва ақаллиятҳои масеҳӣ ва ҳинду ағлаб дар пайи овозаҳои иддаоии тавҳиномез ва шарҳҳои дуруғин алайҳи Ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафи ҳамла қарор мегиранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Оҷбиҳори Алӣ Шайх, афсари полиси Бангладеш рӯзи душанбе гуфт: Полис барои пароканда кардани ҷамъияти " дасти кам 10 ҳазорнафарӣ ", ки талош мекарданд ба ду фарди гумонзад ба иҳонат ба китоби муқаддаси мусулмонон ( Қуръон ) ҳамла кунанд, аз гулӯлаҳои пластикӣ ва гази ашковар истифода кард .
Полиси Бангладеш муддаӣ шуд ки дар ин тазоҳуроти мардумӣ дастикам 14 маъмури полис захмӣ шуданд, аммо ин манбаъ ба ҷузъиёти захмиҳо аз байни тазоҳуркунандагон ишора накард.
Тибқи ин гузориш ду фарди дастгиршуда дар шаҳри Силҳет, дар шимолу шарқи Бангладеш яке дигар аз манотиқи муҳофизакори ин кишвар гуфтаанд ин китобҳоро ба ин далел сўзондаанд, ки " хеле қадимӣ ва бархе дорои иштибоҳоти чоппӣ " буданд.
Моҳи гузаштаи милодӣ танишҳо байни кишварҳои мусулмон ва Шветсияву Дания дар пайи чанд тазоҳурот, ки дар ҷараёни онҳо ба сафаҳотӣ аз Қуръон дар пеши чашми мардум беҳурматӣ ва ба вижа сўзонда шуданд, ташдид шуд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп