Марги 41 муҳоҷир дар натиҷаи ғарқ шудани кишти дар Италия
Август 09, 2023 19:05 Asia/Dushanbe
41 нафар дар наздикии Лампедузаи Италия дар натиҷаи ғарқ шудани як киштии ҳомили муҳоҷирон ҷон бохтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон чаҳор нафар аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурданд ва ба имдодгарон гуфтанд, ки қоиқи ғарқшуда аз шаҳри Сфакс дар Тунис ҳаракат кард ва дар масири Италия буд.
Аз аввали соли ҷорӣ то кунун беш аз 1800 нафар дар гузаргоҳи шимоли Африқо ба Аврупо ҷони худро аз даст доданд.
Бори дигар паноҳҷуён аз кишварҳои африқоӣ барои расидан ба зиндагии беҳтар роҳии кишварҳои аврупоӣ ба вижа Италия мешаванд, ки камтарин фосиларо бо савоҳили кишварҳои шимоли Африқо дорад.
Барчасп