Август 11, 2023 21:35 Asia/Dushanbe
  • Полиси Амрико фарди таҳдидкунандаи Байден дар фазои маҷозиро кушт

Полиси Амрико фардеро, ки ба сӯрат онлайн гуфта буд, дар замони боздиди Байден аз иёлати Юта бояд туфанги тактирандози худро бардорад, бо шиллики мустақим кушт.

FBI рӯзи чаҳоршанбе мардt аз аҳолии Ютаро, ки иддао мешавад ба таври онлайн таҳдид ба қатли Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва Элвин Брэгг, додситон Ню-Йорк карда буд, бо шиллики мустақими гулӯла, кушт.

Ба гузориши НБС нюз, мазнӯн дар асноди иттиҳоме ба дасти омада бо номи Craig DeLeo Robertson шиносоӣ шуд. Зоҳиран вай рӯзи душанбе бо ишора ба сафари Байден ба Юта гуфта буд, бояд иститору туфанги тактирандози худро омода кунад. Дар асноди иттиҳомӣ омадааст, ки вай илова бар таҳдиди Байден, нақшаи террори додситони минтақаи Манҳеттенро доштааст.

Бар асоси иддаои ин аснод, Robertson аз бисёре аз сиёсатмадорони дигар, аз ҷумла додситони кулли Ню-Йорк, додситони кулли Амрико ва фармондори Калифорния барои террор ном бурда буд.