Август 15, 2023 13:05 Asia/Dushanbe
  • Таркиш дар Доғистони Русия бо даҳҳо куштаву захмӣ

Вазорати тандрустии Доғистони Русия бомдоди сешанбе эълом кард,ки дар паи таркиш як нуқтаи фуруши бензин 12 нафар кушта ва 50 нафар низ захмӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА , ин таркиш душанбешаб дар шаҳри Махачқалъа-маркази Доғистон рух дод.
Мақомҳои маҳаллӣ эълом карданд, ки оташсӯзии бархоста аз ин таркиш минтақае дар ҳудӯди 500 метри мураббаъро дар бар гирифт ва эҳтимоли вуқуъи як таркиши дигар вуҷуд дорад.
Аз сӯи дигар инфиҷор дар майдони нафтии «Талиская» дар минтақаи худмухтори Ханти-Манси ҷони 2 нафарро гирифт ва панҷ нафар низ захмӣ шуданд.
Мақомҳои бемористонӣ эълом карданд,ки вазъияти се тан аз захмиҳо вахим аст.
 

 

Барчасп