Июл 31, 2016 17:35 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомоти ҷадиди мақомоти Туркия алайҳи ҳомиёни кудатои нофарҷом

Раисҷумҳури Туркия дар ҷадидтарин изҳори назари худ дар бораи кудатои нофарҷоми ин кишвар бори дигар ангушти иттиҳоми худро ба сӯи Фатҳуллоҳ Гулен (Фето), раҳбари ҷунбиши Ҳизмат нишона гирифт ва аз бархе кишварҳо баунвони ҳомиёни Фето ном бурд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе (30-и июл) дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Хабари турк" таъкид кард, дар кудатои нофарҷоми Туркия як олати даст ва тарроҳи аслӣ вуҷуд дорад, ки бархе кишварҳо аз ӯ ҳимоят мекунанд.

Рӯзномаи "Ени Шафақ" низ баунвони рӯзномаи тарафдори давлати Туркия дар саҳифаи нахусти худ аксе аз Ҷон Кемпбелл, генерали бознишастаи артиши Амрико ва фармондеҳи собиқи нерӯҳои таҳти фармондеҳии НАТО дар Афғонистон мунташир кард ва вайро баунвони шахсияте муаррифӣ кард, ки кудатои ахир дар Туркияро ҳидоят кардааст.

Ин рӯзнома ҳамчунин навишт, Созмони ҷосусии Амрико (СИА) аз тариқи Юнайтед банки Африқо ҳазинаи ин кудатаро таъмин карда буд ва ду генерали туркияии мустақар дар Афғонистон, ки сешанбеи гузашта дар Дубай боздошт шуданд, бахше аз шабакаи тавтеагарони Кемпбелл буданд.

Юнайтед банки Африқо, ки мақарри он дар Нигерия аст, аммо даст доштан дар кудатои нофарҷоми Туркияро такзиб ва эълом кард, чунин иттиҳомоте комилан дуруғ аст. Кемпбелл дар мусоҳиба бо рӯзномаи Вол Стрит Журнал иттиҳомоти мақомоти Туркия алайҳи худро музҳик хонд.

Вашингтон низ иддаҳои матраҳшуда дар мавриди дахолати Амрико дар кудатои нофарҷоми Туркияро рад карда ва чунин иддаоҳоеро пуч ва бемаънӣ донистааст.

Бо вуҷуди ин мақомоти Туркия ҳамчунон исрор доранд, ки аз нақши ба гуфтаи онҳо қудратҳои бузург дар кудатои нофарҷоми Туркия номбурда шавад.

Дар ин миён аммо сафири Англия дар Туркия бо баёни инки эҳтимолан созмони террористии Гулен тарроҳи кудато будааст, таъкид кард, дар сурати ироаи аснод аз сӯи Туркия бо муассисоти Гулен дар Англия бархурд хоҳад шуд.

Ричард Мур, сафири Англия дар Анкара дар айни ҳол даст доштани Англия, Амрико ё ҳар кишвари хориҷии дигарро дар тарроҳии кудато ва ироаи таҳлилҳое аз ин дастро музҳик хонд.

Дар чунин шароите як узви аршади Ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия эълом карда, ки Анкара эҳтимоли дасти доштани мушовири валиаҳди Абузабӣ дар кудатои нокоми Туркияро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи Аҳмад Форул, масъулони Туркия таҳқиқеро дар бораи даст доштани Муҳаммад Даҳлон, мушовири Муҳаммад ибни Заед, валиаҳди Абузабӣ дар кудатои нокоми Туркия оғоз кардаанд.

Пойгоҳи хабарии Алхалиҷ Алҷадид низ гузориш додааст, ки гамонаҳое дар бораи даст доштани Даҳлон, баунвони узви ихроҷшудаи ҷунбиши Фатҳ дар кудатои нокоми Туркия вуҷуд дорад.

Пеш аз ин низ манобеи огоҳ ба Алхалиҷ Алҷадид гуфта буданд, ки нишонаҳое аз даст доштани Иморот, Миср ва Урдун дар кудатои нофарҷоми Туркия вуҷуд дорад, вале сухан гуфтан дар бораи мизони ин дахолат ҳануз зуд аст.

Илова бар ин як пойгоҳи саҳюнистӣ фош карда буд, ки Фатҳуллоҳ Гулен ду ҳафта қабл аз кудатои нофарҷом ба Иморот сафар карда ва баъд аз он Иморот охирин кишваре буд, ки дар паи шикасти кудато ин иқдомро маҳкум карда буд.

Маҷмуаи нишонаҳое, ки гамонаи дахолати хориҷӣ дар кудатои нофарҷоми Туркияро назди мақомоти ин кишвар тақвият мекунад. Бо вуҷуди ин ва бо гузашти ҳудуди ду ҳафта аз кудато нахуствазири Туркия аз контроли давлати Анкара бар авзоъ ва поксозии артиш аз хоинини вобаста ба Гулен хабар дод.

Биеналлаи Йилдирим дар маросими гиромидошти кушта шудани кудатои 15-и июл гуфт, баъд аз поёни таҳқиқоти Шӯрои олии низомии Туркия, артиши ин кишвар аз аносури вобаста ба созмони террористии Гулен, ки тарроҳи кудато буд, поксозӣ шуд.

Нахуствазири Туркия ҳамчунин таъкид кард, ки тамомии подгонҳоинизомӣ дар Истанбул ва Анкара, ки кудаточиён аз танкҳо, болгардҳо ва адавоти низомии он истифода карданд, таътил хоҳанд шуд.

Раисҷумҳури Туркия низ эълом кардааст, ки қасд дорад, ҳамаи донишкадаҳои низомии ин кишварро бадунболи кудатои нофарҷоми ахир дар Туркия таътил ва ба ҷои он донишгоҳҳоидифои миллӣ роҳандозӣ кунад.

Коҳиши ҳаҷми нерӯҳои амниятии жандармерӣ дар Туркия ва афзоиши шумори таслеҳот ва ҷангафзорҳои мавҷуд дар кишвар аз дигар барномаҳои раисҷумҳури Туркия дар даврони пасокудато муаррифӣ шудааст.

Маҷмуаи шароите, ки сарфи назар аз тарҳи ҳамаи гамонаҳои матраҳ дар бораи кудатои нофарҷоми Туркия ҳокӣ аз вуқуъ ва бурузи бархе таҳаввулот дар арсаи дохилӣ ва байналмилалии Туркия хоҳад буд.