Декабр 27, 2016 18:41 Asia/Dushanbe
  • 28 декабр рӯзи нобудии бузург ва таваллуди 15 кишвар

28 декабри соли 1991 бо фурӯпоши Шӯравӣ бузургтарин кишвари ҷаҳон, 15 ҷумҳури ба унвони кишварҳои навпо вориди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуданд, ки бузургтарин таҳаввули сиёсӣ ва иҷтимоӣ пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Ба гузориши ИРНА, Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, ки ба раҳбари Иосиф Сталин пас аз пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, тавонист паҳнаи ин кишварро ба беш аз 22 миллиону 400 ҳазор километри мураббаъ бирасонад, соли 1991 шоҳиди таҳаввулоти шитобон мунҷар ба фурӯпошӣ шуд, ки 25 сол аз ин воқеа мегузарад.

Ҳаракати баҳманвори фурӯпошии Шӯравӣ, ки ёдгории Владимир Ленин- раҳбари инқилоби болшевикӣ буд, бо интисоби Горбачёви 54 сола ба унвони раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1985 ва пас аз оғози иҷрои сиёсатҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, вай машҳур ба ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ шуру шуд.

Сарони Ҳизби коммунисти Шӯравӣ натанҳо натавонистанд доманаи нерӯи гурез аз маркази иҷтимоӣ ва сиёсӣ паёмадҳои иҷрои барномаҳои Горбачёвро маҳор кунанд, балки худ дар сатҳи калон низ дучори ихтилофҳои зиёде шуданд.

Шикасти кудитои шубонаи 18 августи 1991 аз сӯи гурӯҳе аз сарони амниятӣ, низомӣ ва мақомҳои вақт бо ҳидояти Владимир Крючков -раиси Созмони КГБ ва раҳбарии Геннадий Янаев-муовини Горбачёв ба далели муқоваматҳои густурдаи мардум, суръати фурӯпошии ҳукумати бастаи Шӯравиро бештар кард ва хостаҳои мардумӣ ва сиёсии ҷумҳуриҳо низ ба фузун гузошт.

Михаил Горбачёв ҳар чанд пас аз шикаст кудатои се рӯза аз табъидгоҳи худ дар Қрим ба Маскав бозгашт, вале дигар авзоъ монанди гузашта набуд. Рушди рӯҳияи истиқлолхоҳӣ дар ҷумҳуриҳо, ангезаҳои мардумӣ барои расидан ба фазое, ки токунун таҷриба накарда буданд ва ҳамзамон таъсири таблиғот ва ҷанг равонӣ зидди комунистии Ғарб бо ҳадафи фурӯпошии Шӯравӣ ва блоки шарқ низ аз дигар авомили таъсиргузор дар раванди марги бузургтарин кишвари ҷаҳон буд.

Ҳаштуми декабри 1991 низ дар иқоматгоҳи давлати вақти Беларус дар Беловежская пуша рух дод ва сарони ин ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриҳои вақти Русия ва Украина дур аз чашми созмонҳои амниятии Шӯравӣ ва бехабарии комили Горбачёв, паймони таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъро имзо карданд, ки натиҷаи он 20 рӯз баъд мушаххас шуд.

Аслитарин нақши сиёсӣ дар имзои ин паймон ва раванди фурӯпоширо ба Борис Елсин-раисиҷумҳури вақти Русия ба унвони маркази ташкил диҳандаи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ нисбат медиҳанд. Ҳамзамон бо раванди нобудии блоки Шарқ маҳдудаи қудрати урдугоҳи коммунизм, имзои паймони Беларус низ ҳамбстагии миллии Шӯравиро аз байн бурд, то ин ки 28 декабри 1991, эъломияи фурӯпошӣ дар парлумон бо ҳузур Горбачев ба унвони охирин раҳбар қироат ва аз сӯи намояндагон шигифтзада таъйд шуд.

Бад-ин тартиб, умри 74 солаи бузургтарин кишвари ҷаҳон поён ёфт, вале Русия, Беларус, Гурҷистон, Украина, Молдова, Арманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Эстония, Латвия ва Литва мутаваллид шуданд.

Горбачёв, ки акнун аз нигоҳи бисёре аз мунтақидони фурӯпошии Шӯравӣ, омили бурузи ин вазъият шинохта мешавад, бештар ба нақши Борис Елсин дар ин мавзӯъ ишора мекунад. Вай дар ин бора гуфтааст, барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва кушта шудани мардум довталабона аз қудрат канорагирӣ кардам, вале то охирин ҳаддимумкин мудофеъи мондагории ҳукумат будам. Вай дар остонаи 25-умин солрузи фурӯпоши Шӯравӣ дар посух ба ин пурсиш, ки масъули нобудии бузург кист? Баён кард, аз худ салби масъулият намекунам, аммо виҷдони ман осудааст, зеро то охир аз Иттиҳоди Шӯравӣ дифоъ кардам.

Горбачёв дар мусоҳиба бо хабаргузори ИТТАР ТАС дар мавриди нақши Борис Елсин раисиҷумҳури вақти Русия дар авохири ҳаёти Шӯравӣ гуфт, Елсин бисёр алоқа ба ҳукумат дошт ва ҳадду ҳудуде намешинохт, аз ин ки узви Кумитаи марказии ҳизби коммунисти вақт набуд, норозӣ ва нороҳат буд ва аз инҷо эътирозот шурӯъ шуд.

Вай дар мавриди паймони ҳаштуми декабри 1991 Беловежская пуша, ки ба  фурӯпошии Шӯравӣ мунҷар шуд, гуфт, аксарияти намояндагони Шӯрои олии Русия аз ҷумла намояндагони коммунист, ки акнун аз паёмадҳои фоҷиабори ин паймон сухан мегӯянд ва манро муттаҳам мекунанд ба он раъй доданд.

Горбачёв дар мавриди имзои ин паймон гуфт, намедонистам қарор аст, гирди ҳам оянд ва чунин ҳадаферо доранд.

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё созмонҳои иттилоотии Шӯравӣ аз имзои чунин паймоне огоҳ буданд ва иттилорасонӣ карданд? Изҳор кард, ин ки чӣ ҳадафе дар Беловежская пуша думбол мешуд ба ман гуфта нашуд.

Раҳбари Шӯравии собиқ дар посух ба ин пурсиши фарогир, ки оё Амрико дар ин замина талош кард? Гуфт, набояд ин чунин гуфт, ки Вашингтон мустақим барои фурӯпошӣ вориди амал шуд, зеро ҳеҷ кас намедонист, ки метавон Иттиҳоди Шӯравиро мунҳал кард. Вай афзуд, онҳо (амрикоиҳо) дар тӯли 100 сол алайҳи Русия ва ҳамчунин ба раванди инҳилоли Шӯравӣ кумак карданд ва сипас фурӯпошӣ шакл гирифт.