Путин ба дунболи поён додан ба султаи доллари Амрико ҳастем
(last modified Wed, 23 Aug 2023 15:36:40 GMT )
Август 23, 2023 20:36 Asia/Dushanbe
  • Путин ба дунболи поён додан ба султаи доллари Амрико ҳастем
    Путин ба дунболи поён додан ба султаи доллари Амрико ҳастем

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия дар иҷлоси БРИКС гуфт: Ба дунболи поён додан ба султаи доллари Амрико дар мубодилоти тиҷории ҷаҳонӣ ҳастем.

15-умин нишасти сарони гуруҳи БРИКС муташакил аз Бразил, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ аз дируз сешанбе 22 август дар Ҷоханнесбург пойтахти иқтисодии Африқои Ҷанубӣ оғоз шуда аст.

Сарон БРИКС дар нахустин рузи аз ин нишаст бар коҳиши такияи аъзо ба доллар беҳбуди равобити иқтисодӣ ва чигунагии афзоиши ҷазби пул ва қарз диҳи бо арзҳои маҳаллӣ дар боники рушди ҷадиди ин гуруҳ таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия рузи чаҳоршанбе дар дувумин рузи нишасти гуруҳи БРИКС бо таъкид бар атлош бар долларзудоӣ дар мубодилоти тиҷории ҷаҳон гуфт: Ҳамкории байни созмонҳои иқтисодӣ ва моллӣ дар байни кишварҳои БРИКС-ро тақвият хоҳем кард.

Путин дар суханронии худ аз тариқи видеоконфронс афзуд: Кишварҳои узви гуруҳи БРИКС истифода аз арзҳои миллиро густариш хоҳанд дод.

Раиси Ҷумҳурии Русия ҳамчунин бо баёни ин ки талоши ғарб барои ҳифзи султаи худ дар ҷаҳон мунҷар ба ҷанги Украина шуд гуфт: Ҳадафи маъмурияти мо дар Украина поён додан ба ҷанге аст, ки ғарб зидди сокинони Донбас ба роҳ андохт.

Раиси Ҷумҳурии Русия рузи 21 феврали соли 2022 истиқлолияти ҷумҳуриҳои халқи Данетск ва Луганскро дар минтақаи Донбас ба расмият шинохт ва се руз баъд амалиёти низоми, ки онро амалиёти вижа хонд зидди Украина оғоз кард.