Август 29, 2023 14:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Украина беш аз 43 миллиард доллар аз дорои амрикоиҳоро фуру бурд

Муовини вазири дифои Амрико гуфт, ки пас аз ирсоли охирин кумаки низомии Вашингтон ба Украина рақами ин ҳазинаҳои аз 43 миллиард доллар убур кард.

Русия феврали 2022 барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ин кишвар ба НАТО ҳамлаи худро ба марзҳои шарқии Украина оғоз кард, вале то кунун борҳо аз сӯи Русия ва дигар кишварҳо пешниҳодҳое барои барқарории сулҳу оташбас ироа шуда, ки аз сӯи Вашингтон ва Киев рад шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Спутник,Катлин Ҳикс-муовини вазири дифои Амрико дар конфаронси Анҷумани саноеъи дифои миллӣ гуфт : « Дар 18 моҳе ки аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина гузаштааст, мо беш аз 3.1 миллион ракета, хумпора ва гулӯлаи тӯпхонаро ба Украина фиристодаем ва ин танҳо чаҳор даста аз муҳимоти ирсолӣ ба Киев аст. »
Ин мақоми Пентагон идома дод, ки Амрико ҳамчунин барои дастрасии Украина ба фанновариҳои тиҷорӣ, ки ба онҳо дар майдони ҷанг кумак мекунад, бо бахши хусусӣ ҳамкорӣ кардааст.
Вивек Рaмaсвaми-номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико гуфт ، " Ҷанги Украин ба нафъи Амрико нест ва агар Вашингтон мудохила накунад ва эълом кунад, ки дигар аз Украина ҳимояти молӣ намекунад, ҷанг дар ин кишвар акнун тамом мешавад » .

Рaмaсвaми афзуд : Бархе аз ҷангсолорон пас аз Владимир Зеленский бо таҷҳизоти низомии Амрико ба арзиши чандсад миллиард доллар дар Украина ба қудрат хоҳанд расид. Дуруст монанди ончи пас аз ҳамлаи Шуравӣ ба Афғонистон рух дод ва мо дидем, ки ин раванд моро ба куҷо расонд.
Мақомҳои русӣ ва бархе коршиносону расонаҳои ғарбӣ ҷанги Украинаро ҷанги ниёбатии миёни Ғарбу Русия тавсиф кардаанд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп