Август 30, 2023 08:39 Asia/Dushanbe
  • Чиниҳо бештарин корбарони интернет дар ҷаҳон

Беш аз як миллиард нафар аз корбарони интернети ҷаҳон чинӣ ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Маркази иттилоърасонии шабакаи интернети чин рӯзи сешанбе эълом кард, дар тӯли солҳои ахир бо иртиқои сатҳи кайфияту густариши зерсохтҳои шабакаҳои интернет дар ин кишвар, теъдоди корбарони он беш аз як миллиард нафар афзоиш ёфтааст.

Дар баёнияи Маркази иттилоърасонии шабакаи интернети Чин, ки як нусхаи он дар торнамои рӯзномаи Global Times омадааст, корбарони интернет дар тӯли солҳои ахир 76 дарсад афзоиш ёфтааст.

Коршиносони фанноварии иттилооти Чин ҳам дар ин замина эълом карданд, ки дар тӯли солҳои ахир зерсохтҳои диҷиталии Чин бавижа ҳуши маснӯъии муваллид (AI), тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишварро афзоиш додааст.