Таҳлил: Пайвастани ASEAN ба истифода аз арзҳои маҳалӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i106876-Таҳлил_Пайвастани_asean_ба_истифода_аз_арзҳои_маҳалӣ
Бо имзои тавафоқунома миёни Инданезия, Малазия ва Тайланд, арзҳои маҳалии ин кишварҳо ба бозорҳои тиҷории Иттиҳодияи ҷанубу шарқи Осиё ASEAN роҳ ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 02, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Пайвастани ASEAN ба истифода аз арзҳои маҳалӣ
    Таҳлил: Пайвастани ASEAN ба истифода аз арзҳои маҳалӣ

Бо имзои тавафоқунома миёни Инданезия, Малазия ва Тайланд, арзҳои маҳалии ин кишварҳо ба бозорҳои тиҷории Иттиҳодияи ҷанубу шарқи Осиё ASEAN роҳ ёфтааст.

Руасои Бонкҳои марказии Инданезия, Малазия ва Тайланд дар ҳошияи нишасти вузарои дороии Иттиҳодия кишварҳои ҷануб ва шарқи Осиё ASEAN  дар Ҷакарта, пойтахти Инданезия бо имзои тавофуқномаи истифода аз марзҳои минтақаӣ ба сурати расмӣ ва амалиётӣ, доллари Амрикоро дар бозорҳои тиҷории ASEAN ҳазф кардаанд. Инданезия, ба унвони кишваре, ки дар соли ҷории мелодӣ раёсатии давраи Иттиҳодияи кишварҳои ҷануб ва шарқи Осиё  -ро бар уҳда гирифта,  бо кишварҳои узви ASEAN  ҳамкории LCT  барқарор кардааст. Тавофуқномаи LCT миёни 10 кишвари  узви  Иттиҳодияи кишварҳои  ASEAN ба изофаи Чин, Ҷопон ва Кареяи Ҷанубӣ ба манзури густаришии  ҳамкориҳои молии минтақаӣ, мунъақид шудааст. Яке аз муҳимтарин бандҳои ин тавофуқнома, тарвиҷи истифода  аз арзҳои маҳалӣ ва коҳиши иттико ба доллари Амрико аст.

 Дар ҳамин иртибот. "Бимо Ёдҳосторо" мудири Маркази иттилооти иқтисод ва ҳуқуқи Инданезия ва коршиносони барҷастаи иқтисодии ин кишвар муътақид аст: Раёсати давраи Ҷанкара ба Итиҳодиия кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё  ASEAN дар соли 2023 мелодӣ,  фурсати муносиб барои тарвиҷи истифода аз арзҳои миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ, дар чорчӯби тавофуқномаи  LCT  аст. Пеш аз ин  низ Иттиҳодияҳои муҳиме назири Авру-Осиё, Созмони Ҳамкори Шанхай ва БРИКС, ба ҳазфи доллар аз тиҷорати минтақаӣ ибрози тамойил карданд. Шуморе аз кишварҳои Амркои Ҷанубӣ ва Марказӣ низ дар ин замина фаъол шудаанд. Ба ҳар ҳол, густариши ҳамкори бо шумори бештаре аз кишвраҳо, аз ҷумлаи муҳимтарин барномаҳои давлати Инданезия дар тули давраи раёсати ба Иттиҳодияи  ASEAN эълом шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба талошҳои музоъафи кишварҳои  мухталифи ҷаҳон ба мазнури ҳазфи доллари Амрико аз муъодилоти тиҷории минтақаӣ, коршиносон мунтақиданд бо имзои тавофуқномаи ахир дар чорчӯби  ASEAN ҳазфи доллари Амрико аз мубодилоти минтақаӣ дар чорчӯби  ASEAN фароҳам ва заминаҳои ҷойгузин ва тақвияти сареъи арзҳои маҳалӣ дар чархаи густардаи мубодилоти тиҷории кишвараои узви Иттиҳодияи ҷануб ва шарқи Осиё фароҳам хоҳад шуд. Сарони 10 кишвари узви Иттиҳодия ҷанубу шарқи Осиё  ASEAN ахиран дар чорчӯби тафоҳумномаи ҷомеъаи иқтисодӣ, сомонаи апрдохти электроникии фаромарзиро бо истифода аз арзҳои минтақаии худ фаъол кардаанд. Бар асоси оморҳои ахири мунташир шуда аз сӯйи Сандуқи байнамиллалии пул. бо иттихози сиёсатҳои долларзудоӣ тавассути бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, саҳми доллар дар захоирии арзии кишварҳо, аз 71 дарсад дар соли 2000 ба 58 дарсад дар соли 2022 мелодӣ коҳиш ёфтааст. Мутолеъот нишон медиҳанд, пиёдасозии стратежии ҳазфи доллар аз муъомилоти минтақӣ ва ҷаҳонӣ ниёзманди занҷираи таъмини ҷаҳонӣ аст.

Агар кишварҳои бештаре ба самти ҷойгузини арзҳои маҳалӣ ба ҷои доллар ва евра дар мубодилоти тиҷорӣ рӯй оваранд, паёмадҳои мусбати бештаре шомили ҳоли кишварҳои узфи мухолифи сиёсатҳои тавсиаталалбона ва якҷонибагароёнаи Амрико аз ҷумла Иттиҳодияи  ASEAN хоҳад шуд. Интишори омори Сандуқи байналмиллалии  пул нишон медиҳад иқтисоди Амрико дар заминаи ҳазфи доллар аз муъодилоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба шиддад осебпазир аст. Бадеҳи аст, ки идомаи ин раванд зимни ворид сохтани заррар  асосӣ ба иқтисоди Амрико, замнаҳои фурӯпошии иқтисоди ин кишвари салтагарро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.