Шикасти тавтеаи нафтии Оли Сауд
(last modified Sun, 31 Jul 2016 13:25:43 GMT )
Июл 31, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Шикасти тавтеаи нафтии Оли Сауд

Бозори саҳҳоми Арабистони Саудӣ бо 14 миллиард доллар зарар барои дуввумин ҳафта мутаҳаммили хисороти сангин шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, бозорҳои молии Арабистон таҳти фишори коҳиши тақозоии саҳҳом ва коҳиши арзиши он, ба сабаби авомили зиёде, аз ҷумла коҳиши қимати нафт ва ҳимояти молии Арабистон аз террористҳо ва ҳамчунин даромадҳои молии рӯ ба коҳиши бисёре аз ширкатҳои дорои саҳҳом, барои дуввумин ҳафтаи паёпай бо хисороти сангин рӯбарӯ шудааст.

Дар пайи коҳиши қиматҳо, арзиши шохиси кулли бозори молии Арабистон сайри нузулӣ дошт ва бо коҳиши 4.02 дарсадӣ ба пойинтарин сатҳи худ дар понздаҳ ҳафтаи ахир расид.

Бар асоси ин гузориш, аз 170 ширкати мавҷуд дар бозори бурси Арабистон, суди 154 ширкат коҳиш ёфта ва танҳо суди саҳҳоми 16 ширкат шоҳиди афзоиш будааст.

Режими Оли Сауд бо ҳадафи шикасти Ҷумҳурии исломии Эрон, сиёсати коҳиши баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳониро дар пеш гирифт, аммо ин сиёсат ба зарари худи Арабистон тамом шудааст.