Сентябр 04, 2023 13:21 Asia/Dushanbe
  • Натанияҳу дастури ихроҷи еритреяи таборро содир кард
    Натанияҳу дастури ихроҷи еритреяи таборро содир кард

Дар пайи тазоҳуроти саҳюнистҳои еритреяи табор дар Тел-Авив ва интишори ахбори мабни бар баррасии имкони ихроҷи онҳо аз сарзаминиҳои ишғолӣ тавассути Кабинаи тахуствазири режими саҳюнистӣ ба таври расми дастури ихроҷи онҳоро содир кард.

Эътирозотои саҳюнистҳои еритреяи табор ва сувдонӣ табор дар Тел-Авив рӯзи шанбе ба хушунат кашида шуд. Шабакаи 12 телевизионии режими саҳюнистӣ гузориш дод, шумори маҷруҳони даргирӣ миёни саҳюнистҳои африқоӣ табор ва низомиёни режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив ба 170 нафар расида, ки ҳоли 20 нафар аз онон вахим аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Натанияҳу бо баргузории  нишасте бо ҳузури вузарои Кабина дар бораи саҳюнистҳои африқоӣ табор тасмимгири кард. Натанияҳу дар ин нишаст эълом кард, ки ҳамаи онҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ ихроҷ хоҳанд шуд.

Натанияҳу изҳор кард. ҳаводис аз хати қирмизҳо убур кард ва ин нооромӣ ва хунрези чизе аст. ки мо наметавонем онро бипазирем ва хостори иттихози тадобири шаддид алайҳи муътаризон аз ҷумла ихроҷи фаврии онҳо ҳастем.

Натанияҳу ҳамчунин ба ниҳодҳои марбута дастур дода аст,ки  то ба тадриҷи тарҳе барои ихроҷи ҳамаи муҳоҷирони ғайри  қонунуни аз сарзаминиҳои ишғолӣ таҳия кунанд.