Тафсир: Тадовуми иқдомоти исломситезона дар Ғарб
(last modified Tue, 05 Sep 2023 07:25:02 GMT )
Сентябр 05, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Тадовуми иқдомоти исломситезона дар Ғарб

Дар идомаи сиёсатҳои исломситезонаи кишварҳои ғарбӣ, полиси Шветсия 15 нафарро ба далели талош барои ҷилавгирӣ аз беҳурматии Қуръони Карим боздошт кард.

Селвон Момико, шаҳрванди сокини Шветсия, ки дар моҳҳои гузашта чандинбор дар иқдоме тавҳинкунанда ва исломситезона, иқдом ба беҳурматии Қуръон кардааст. Ин бор дар минтақаи Варнхамсторгет Мальмё, ки теъдоди зиёде аз мусулмонон дар он зиндагӣ мекунанд, иқдом ба беҳурмати Қуръон кард, аммо ин иқдоми вай бо эътирози бисёре аз сокинон мувоҷеҳ шуда ва беш аз 100 муътариз ба самти вай санг ва ботрии об партоб карданд.

Бо афзоиши эътирозот, полиси Шветсия ба ҳимоят аз Момико ворид шуд ва беш аз 15 муътаризро дастгир кард.

Кишварҳои Шветсия ва Дания тайи моҳҳои ахир ба баҳонаи «озодии баён» мавриди иддаои худ чандинбор муҷаввизи беҳурматии Қуръони Карим тавассути афроди тундравро содир карданд ва дар воқеъ бо чароғи сабзу ҳимояти давлати ин кишварҳо, мавзӯи исломситезӣ ва беҳурматии Қуръон ҳамчунон идома дорад.

Қуронсӯзии дубора дар Шветсия

Идомаи исломситезӣ дар кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле аст, ки ин кишварҳо ҳамвора муддаии озодии баён ҳастанд. Дар воқеъ кишварҳои ғарбӣ ба таври омидона тафовут байни озодии баён ва тамасхур ва тавҳин ба муқаддасотро нодида мегиранд. Онҳо муҷаввизи лозим барои қуръонсӯзиро содир ва аз шахси ҳатток ба баҳонаи озодӣ ҳимоят мекунанд дар ҳоле, ки ба афроди муътариз ба ин ҳаттокӣ ҳамла ва онҳоро лату куб карда ё дастгир мекунанд.

Дар воқеъ кишварҳои ғарбӣ фақат замоне дам аз озодӣ мезананд, ки зери суол бурдан ва тавҳин ба мавзуоте, ки маддиназари Ғарб аст, аз ҷумла исломҳаросӣ ва исломситезӣ ва тавҳин ба муқаддасоти мусулмонон матраҳ бошад ва дар ғайри ин маворид ба шиддат бархӯрд ва маҳкӯм мекунанд, чунон ки акнӯн низ ба ҷои дастгирии шахси ҳатток, афроде, ки ба вай эътироз кардаанд дастгир шудаанд.