Декабр 28, 2016 13:35 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти ҷони сокинони Ҳалаб бо ҳамкории Русия, Эрон ва Туркия

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ҳамкории ин кишвар бо Эрон ва Туркия дар кумак ба тахлияи шарқи Ҳалаби Сурия, ҷони бисёреро наҷот дод.

Ба иттилои Presstv, Сергей Лавров рӯзи сешанбе бо ишора ба нақши муассири Русия, Эрон ва Туркия дар ҳифзи ҷони мардум дар амалиёти озодсозии шаҳри Ҳалаб афзуд: Русия ҳамкории худро бо Эрон ва Туркия дар Сурия афзоиш хоҳад дод.

Шаҳри Ҳалаб пас аз хуруҷи комили гурӯҳҳои такфирӣ ва муориз аз манотиқи шарқии он, ба тозагӣ пас аз чаҳор сол ба таври комил озод шуда ва нерӯҳои давлатии Сурия бо кумаки нерӯҳои руси ҳамакнун машғули поксозии ин шаҳр ҳастанд .

Лавров аз эҳтимоли гуфтугӯҳои давлати Сурия бо мухолифон дар остонаи музокироти эҳтимолии сулҳ дар пойтахти Қазоқистон хабар дод, аммо тавзеҳоти бештаре ироа накард .

Гурӯҳи мавсум ба “Кумитаи олии музокирот” ба унвони намояндаи мухолифони мусаллаҳ ва сиёсии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия аз ин музокирот изҳори беиттилоӣ кардааст .

Пештар Владимир Путин, раисҷумҳури Русия эълом карда буд, Маскав, Теҳрон ва Анкара ва ҳамчунин раисҷумҳури Сурия мувофиқат кардаанд, то дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар остона, пойтахти Қазоқистон ширкат кунанд .

Интизор меравад, ин музокирот авосити январи 2017 баргузор шавад .

 

 

Барчасп