Созмондеҳии ҳамлаҳои кибернетикӣ тавассути Ғарб барои эҷоди халал дар интихоботи Русия
Намояндаи вижаи вазири умӯри хориҷаи Русия барои ҳамкорӣ дар заминаи тазмини ҳаққи озодии мазҳаб гуфт:Кишварҳои ғарбӣ бо созмондеҳии беш аз 170 ҳазор ҳамлаи сайбирӣ(кибернетикӣ талош карданд то корзори интихоботӣ дар Русияро дучори халал кунанд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Геннадий Асколдович-намояндаи вижаи вазири умӯри хориҷаи Русия барои ҳамкорӣ дар заминаи тазмини ҳаққи озодии мазҳаб бо баёни инки кишварҳои ғарбӣ дар амал талош карданд, то муборизоти интихоботиро дучори халал кунанд эълом кард танҳо дар ҷараёни интихоботи Русия аз 8 то 10 сентябри 2023, дар портали Комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар 175 ҳазор ҳамлаи сайбирӣ мушоҳида шудааст .
Интихобот дар сатҳҳои мухталиф дар 85 ниҳоди ташкилдиҳандаи Русия аз 8 то 10 сентябри 2023 баргузор шуд . Интихоботи мақомоти баландпояи Русия дар 21 минтақа ва интихоботи муовинони ниҳодҳои қонунгзории ин кишвар дар 20 минтақа баргузор шуд .