Равнақи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардустона байни Туркманистон ва Санкт-Петербург
(last modified Wed, 13 Sep 2023 06:48:09 GMT )
Сентябр 13, 2023 11:48 Asia/Dushanbe
  • Равнақи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардустона байни Туркманистон ва Санкт-Петербург

Раисиҷумҳури Туркманистон бо фармондори Санкт-Петербург мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор ҷонибҳо ҳамкориҳо ва тарҳҳои ояндадор дар заминаҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаро баррасӣ кардаанд.

Беглоф қайд кард, ки ширкатҳои Санкт-Петербург дар бунёди инфрасохтори роҳ ва муҳандисӣ дар кишвар ширкат доранд. Аз ҷумла, дар қатори лоиҳаҳои охирини амалӣ шуда силсилаи иншооти обпартоии лой дар ҷануби Ашқобод аст, ки аз ҷониби ширкати «Возрождение» сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои фаъолият ин ширкат дар ин кишвар 25 иншооти азим бунёд кардааст, ки шомили шоҳроҳҳо, пулҳо ва чорроҳаҳо мебошанд.

Дар ин дидор доир ба баргузории форуми тиҷории Туркманистону Санкт-Петербург, роҳандозии равобити бародарӣ миёни пойтахти шимолии Русия ва шаҳри нави Аркадаг, ҳамчунин гузоштани муҷассамаи “Махтумкули Фараги” аз адабиёти классикии туркман дар Санкт-Петербург баррасӣ шуд.