Сентябр 15, 2023 17:55 Asia/Dushanbe
  • Мария Захарова манъи вуруди мошинҳои шахсии Русия ба Аврупоро иқдоми  нажодпарастона номид
    Мария Захарова манъи вуруди мошинҳои шахсии Русия ба Аврупоро иқдоми нажодпарастона номид

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия тасмими Комисияи Аврупо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди васоили шахсии мусофирони рус ба Иттиҳоди Аврупоро тасмиме нажодпарастона донист.

Комисияи Аврупо дар тағйироти ахири худ феҳристи маҳсулоти русии мамнуъулвуруд ба Иттиҳоди Аврупоро барӯз кардаву ба ин тартиб мусофирони рус наметавонанд васоили шахсии худро вориди Иттиҳоди Аврупо кунанд.

Бар асоси ин тасмими Комисияи Аврупо, вуруди рустаборҳое ки қасди сафар ба Иттиҳоди Аврупо бо мошини шахсии худро доранд, душвор шудааст, зеро гумруки мустақар дар марзҳои Иттиҳоди Аврупо метавонад мошинҳои сабтшуда дар Русияро мусодира кунад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба ин мусавваба гуфт, ин иқдомот иртиботе ба сиёсати таҳрим надорад ва дар чорчӯби афзоиши манофеи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ҷой намегирад, балки ин иқдомот иқдомоте сирфан нажодпарастона ҳастанд.