Трамп ба қаллобӣ муттаҳам шуд
Додситони кулли Ню-Йорк Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини Амрикоро ба кулоҳбардорӣ( қаллобӣ) муттаҳам кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Летитиа Ҷеймс, додситони кулли Ню-Йорк бо ироаи як додхост, Трамп ва 2 писараш ба номҳои Доналд ва Эрикро муттаҳам кард, ба сӯрати ғайривоқеъи арзиши дороиҳои ширкати хонаводагии худро дар сентябри 2022 барои дарёфти вомҳои бонкӣ бо шароити беҳтар, байни 2. 23 то 3.6 миллиарддоллар бештар аз арзиши воқеии онҳо эълом кардаанд.
Қозӣ Артур Энгорон аз иёлати Ню-Йорк бар асоси мустанадоти ироа шуда дар додхости додситони ин парванда, ба ин натиҷа расид, Доналд Трамп ва касбу кори хонаводагии ӯ ба таври мутаққаллибона арзиши дороиҳои ин ширкати хонаводагии худро бештар аз воқеият эълом кардаанд.
Ин қозӣ тавзеҳ дод, ки чигуна Трампу писаронаш дороиҳои ин ширкати хонаводагиро ба наҳве арзишгузорӣ карданд, ки арзиши холиси онро мутаносиб бо ниёзҳои тиҷории худ ба дуруғ афзоиш доданд.