Сентябр 30, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тасвиби қонуни асосии Кареяи Шимолӣ барои тазмини ҳастеии низомӣ ва тасреъи рушди он
    Таҳлил: Тасвиби қонуни асосии Кареяи Шимолӣ барои тазмини ҳастеии низомӣ ва тасреъи рушди он

Маҷлиси олии халқии Кареяи Шимолӣ қонуни асосии ин кишвар барои афзоиши тавони дифоъи ҳастаӣ ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақаро бо ҳузӯри раҳабари ин кишвар тасвиб кард.

"Ким Ҷунг Ун" раҳбари Кареяи Шимолӣ дар суханоне ислоҳоти модаи 58 аз фасли чаҳори қонуни асосии Кареяи Шимолӣ дар бораи рушди шитобони нерӯҳои ҳастаиро як рӯйдоди таърихи донист, ки ахримани сиёсии қудратманде барои тақвияти зарфиятҳои дифоъи милли эҷод мекунад.

Раҳбари Кареяи Шимолӣ бо таъкид бар тасреъи навсозии таслиҳоти ҳастаӣ барои  ҳифзи тавони боздорандагӣ ва бартарии роҳбурди гуфт, аз ин пас сиёсати эҷодии нерӯи ҳастаии  Ҷумҳурии  демократики Карея ба унвони қонуни асосӣ, доими шуд ва ҳеҷ кас иҷозаи эътироз кардан аз онро надорад.

Муҳимтарин ҳадафи Кареяи Шимолӣ аз ворид кардани масъалаи ҳастаии низомӣ дар қонуни асосии ин кишвар хориҷ шудани он аз масъалаи хонаводагӣ ва ҷузъие аст, ки дар сурати бурузи ҳар гуна иттифоқи эҳтимоли барои хондони Ким масоъили ҳастаии бо қувват идома хоҳад ёфт ва  чунон, чӣ дар дохили  Кареяи Шимолӣ мухолифоне низ барои идомаи сармоягузорӣ дар мавриди афзоиши тавони ҳастаии низомӣ вуҷҷӯд дорад бо ворид шудан он дар қонуни асосӣ наметавонанд монеъ дар баробари он эҷод кунанд.

 Коршиноси масоъили  байналмиллалӣ дар ин бора мегӯяд: "Иқдоми давлати Кареяи Шимолӣ дар ворид кардани масоъили ҳастаии низомӣ дар қонуни асоси ба унвони яке аз аркони муҳими ин кишвар ҳушмандона талқи мешавад зеро масоъилӣ ҳастаии низомӣ ва мушакӣ аз аҳрумҳои муҳим ва аслии тақвияти қудрати боздорандагии Кареяи Шимолӣ дар баробари Амрико ва муттаҳидони он маҳсуб мешавад".

Ба ҳамин далел Раҳбари Кареяи Шимолӣ дар Ҷаласаи парлумони барои тасвиби қонуни асосии ин кишвар дар хусуси ҳастаи низомӣ таъкид кард, иттиҳоди низомии сеҷониба миёни Амрико, Кареяи Шимолӣ ва Ҷопон, саранҷом ба эҷоди нусхаи Осиёии НАТО мунҷар мешавад, ки  решаи ҷанг ва таҳоҷум аст. Аз ин рӯ  вай хостори тақвияти ҳамбастагӣ бо кишварҳои мустақили зидди империалистӣ низ шуд.

Ворид шудани масоъили ҳастаии низомӣ дар қонуни асосии Кареяи Шимолӣ посухи муҳкам ба Кареяи Ҷанубӣ аст, ки ахиран мақомоти ин кишвар мудом дар мавриди паёмадҳои ҳар гуна даргирии ҳастаӣ аз ҷумла аз байн рафтани ҳокимияти хонадони Ким дар Кареяи Шимолӣ сухан гуфтаанд. Бинобарин изофа шудани қатъи ҳастаии низомӣ ба масъалаи хонаводагии ҳокимияти Кареяи Шимолӣ надорад ва ба унвони масъалаи комили миллӣ аз сӯйи Пёнг Янг пайгири мешавад.

Устоди улуми сиёсӣ дар донишгоҳи милии Австралия, дар ин бора мегӯяд: Давлати Кареяи Шимолӣ бо гунҷондани масоъили ҳастаии  низомӣ дар қонуни асосии ин кишвар худро вориди бошгоҳи қудратҳои атомӣ кард ва  дар ҳамон ҳол роҳи рушди беш аз пеши барномаи ҳастаии худро фароҳам кард, ки посӯхи муҳим ба талошҳои маҳдуд ва таҳдид кунандаи Амрико ва муттаҳидони он зиддӣ Кареяи Шимолӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҳар ҳол, иқдоми маҷмаъи олии халқии Кареяи Шимолӣ дар тасвиби қонуни асоси дар мавриди тазмини барномаи ҳастаии низомӣ ва пешрафти фазояндаи он паз аз он сурат гирифт, ки ин маҷмаъа соли гузашта сиёсати ҳастаии ин кишварро баргаштнопазир хонд ва қонунеро тасвиб кард, ки истифодаи пешдастона аз таслиҳоти ҳастаиро маҷоз медонад. Кареяи Шимолӣ ҳамвора эълом кардааст барномаҳои ҳастаии худро ба унвони иқдоми боздоранда дар боробари Амрико ва муттаҳидонаш дунбол мекунад ва тасвиби қавонини лозим дар ин хусус ва гунҷонидани он дар қонуни асосии беш аз пеш фароянди тақвият ва рушди онро тесреъ хоҳад кард.