Ҳамлаи террористӣ ба порлумон ва вазорати кишвари Туркия
(last modified Sun, 01 Oct 2023 12:55:15 GMT )
Октябр 01, 2023 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба порлумон ва вазорати кишвари Туркия

Порлумон ва вазорати кишвари Туркия имрӯз ҳадафи ҳамлаи террористии ду фарди муҳоҷим қарор гирифт.

Имрӯз (якшанбе) садои маҳиби инфиҷор дар минтақаи Кизилои Анкара  наздики сохтумони порлумон ва вазорати кишвари Туркия шунида шуд.

Садои тирандозӣ ҳам ба гӯши аҳолии минтақа расидааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, вазорати кишвари Туркия зимни террористӣ хондани ин амалиёт эълом кард, ду муҳоҷими интиҳорӣ муқобили сохтумони вазорати кишвар ҳадаф қарор гирифтанд. Яке аз онҳо пеш аз мунфаҷир кардани худ тавассути неруҳои амниятӣ кушта шуд, вале фарди дигар тавонист худро мунфаҷир кунад.