Июл 31, 2016 20:03 Asia/Dushanbe
  • Кашфи анбори дорои таслиҳоти сохти Амрико дар Сурия

Чанд анбори таслиҳоти сохти Амрико, аз ҷумла мушакҳои "Тод", мутааллиқ ба гурӯҳҳои террористӣ, дар маҳаллаи тозаозодшудаи Бани Зайди Ҳалаб, шимоли Сурия кашф шуд.

Телевизиони "Алахбория"-и Сурия дар хабари дигаре аз Сурия гузориш дод, артиши Сурия пас аз кандани нақб ба сӯйи маркази таҷаммуи афроди гурӯҳи террористии ДИИШ, дар шаҳраки санъатии Дайруззӯр, тунели мутааллиқ ба террористҳоро мунфаҷир кард, ки бар асари шиддати инфиҷор шуморе аз афроди ДИИШ кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.

Дар даргирии нерӯҳои артиш бо афроди ДИИШ низ шумори дигаре аз террористҳо ба ҳалокат расиданд.

Артиши Сурия ду рӯз қабл маҳаллаи стратегии Бани Зайд дар Ҳалабро ба контроли худ даровард.

Ҳамчунин артиши Сурия ба тозагӣ контроли ҷодаи стратегии Костилия, танҳо шараёни ҳаётии шаҳри Ҳалабро ба контроли худ даровардааст.

Барчасп