Сафари Путин ба Пекин
(last modified Tue, 17 Oct 2023 05:24:15 GMT )
Октябр 17, 2023 10:24 Asia/Dushanbe
  • Сафари Путин ба Пекин

Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия субҳи имрӯз сешанбе барои ширкат дар Маҷмаъи ҳамкориҳои байналмиллалии камарбанду ҷода ( роҳ ) вориди Пекин шуд.

Шабакаи телевизиюнии СҶТВ-и Чин эълом кард : Путин вориди фурудгоҳи байналмиллалии пойтахти Чин шудааст.
Лавров вазири хориҷаи Русия, ки рӯзи гузашта ( душанбе ) вориди Пекин шуда буд эълом кард, ки Путин ва Ши Ҷейн Пинг-раиси ҷумҳӯри Чин дар Пекин ба таври ҷомеъ дар бораи равобити байни ду кишвар гуфтугу хоҳанд кард.
Сеюмин иҷлоси ҳамкориҳои байналмиллалии « камарбанду ҷода » бо мавзӯи сохти муштараку босифати « камарбанду ҷода » ва талоши муштарак барои дастёбӣ ба тавсеаву шукӯфоии муштарак аз 17 то 18 октябр ( 25 ва 26 меҳр ) дар Пекин баргузор мешавад. Ин иҷлос муҳимтарин рӯйдод барои бузургдошти даҳумин солгарди ибтикори « як камарбанд, як ҷода » аст.