Пешниҳод ба Путин барои ихроҷи 35 дипломати амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10834-Пешниҳод_ба_Путин_барои_ихроҷи_35_дипломати_амрикоӣ
Вазорати умури хориҷаи Русия ба раиси ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод кард, 35 дипломати амрикоиро аз ин кишвар ихроҷ кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 30, 2016 14:03 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳод ба Путин барои ихроҷи 35 дипломати амрикоӣ

Вазорати умури хориҷаи Русия ба раиси ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод кард, 35 дипломати амрикоиро аз ин кишвар ихроҷ кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, дар вокуниш ба иқдоми зиддирусии раиси ҷумҳурии Амрико, феҳристи 35 нафараи дипломатҳои амрикоӣ барои дастури ихроҷ ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ироа шудааст.

Бар асоси ин гузориш, 31 нафар аз кормандони Сафорати Амрико дар Маскав ва чаҳор корманди сарконсулгарии ин кишвар дар Санкт-Петербург ба унвони унсури номатлуб муаррифӣ шуданд.

Барак Абама, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи панҷшанбе маҷмӯае аз таҳримҳо ва иқдомҳо, аз ҷумла ихроҷи 35 дипломати русро аз Амрико ба унвони посух ба ҳамлаи сайберии мансуб ба Русия эълом кард. Кремл низ таъкид кард, иқдоми ҳамсонро анҷом хоҳад дод.