Гузориш : Пасларзаҳои бузургтарин тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ дар Лондон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i108418-Гузориш_Пасларзаҳои_бузургтарин_тазоҳуроти_зиддисаҳюнистӣ_дар_Лондон
Бар асоси гузоришҳои полиси Англия дар ҷараёни роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин 56 нафар боздошт шуданд ё дар остонаи боздоштанд, аммо нидои раҳоии Фаластин дар манотиқи мухталифи ин кишвар хомӯш нашудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 24, 2023 11:15 Asia/Dushanbe

Бар асоси гузоришҳои полиси Англия дар ҷараёни роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин 56 нафар боздошт шуданд ё дар остонаи боздоштанд, аммо нидои раҳоии Фаластин дар манотиқи мухталифи ин кишвар хомӯш нашудааст.

Дар паи эъломи ҳимояти ҳамаҷонибаи давлати Англия аз режими саҳюнистӣ ба рағми ташдиди ҳамалот дар Ғазза, хиёбонҳои атрофи бинои нахуствазирии Англия ба конӯни эътирози ҳомиёни Фаластин ба сиёсатҳои давлати Англия мубаддал шудааст.