Пешнависи қатъномаи кишварҳои арабӣ дар ҳимоят аз Ғазза тасвиб шуд
(last modified Sat, 28 Oct 2023 05:40:38 GMT )
Октябр 28, 2023 10:40 Asia/Dushanbe
  • Пешнависи қатъномаи кишварҳои арабӣ дар ҳимоят аз Ғазза тасвиб шуд

Маҷмаъи умумии Созмони Миллал ҷумъашаб пешнависи қатъномаи пешниҳоди кишварҳои арабиро тасвиб кард ва хостори оташбаси башардӯстонаи фаврӣ ва таваққуфи хусуматҳо дар Ғазза шуд.

Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Миллал аз замони оғоз даргириҳо миёни гурӯҳҳои муқовамати Фаластин ва нируҳои режими саҳюнистӣ то кунун натавониста буданд ҳеҷ қатъномае барои барқарории оташбаси фаврӣ ба тасвиб бирасонанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин қатънома бо 120 раъйи мувофиқ дар муқобили 14 раъйи мухолиф ва 45 раъйи бетараф ба тасвиб расид. Режим сҳиунистӣ ва Амрико ба ин қатънома раъйи манфӣ доданд.

 Иқдоми Канада барои ҷалби ҳимоят аз режими Исроил ва коршиканӣ дар тасвиби қатъномаи пешниҳоди кишварҳои арабӣ дар бораи даргириҳои муқовамати Фаластин ва режими сҳиунисти шикаст хӯрд.

 Аз сӯи дигар Канада бо ҳимояти Амрико ислоҳияеро барои қатъномаи пешниҳодии аъроб ироа карда ва хостори маҳкумияти ончи, ки «ҳамалоти террористии Ҳамос ва гаравгонгирӣ» хонд, шуда буд.

 Аммо ин мутаммам танҳо 88 раъйи мувофиқ касб кард ва бо 55 раъй мухолиф ва 23 раъйи бетараф рубуру шуд.