Тамоюли мардуми Русия барои поёни ҷанги Украина
Бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ 70 дарсад аз мардуми Русия аз поёни ҷанг бо Украина ҳимоят мекунанд.
Ба гузориши ИРНА, муассисаи таҳлилии мустақили “Левада” дар Русия натоиҷи охирин назарсанҷии худро, ки дар бозаи замонии 19 то 25 октябр (27 меҳр то 3 обон) дар миёни як ҳазору 607 шаҳрванди рус ва дар 137 минтақа аз Русия анҷом шудааст, рӯзи чаҳоршанбе эълом кард.
Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ 70 дарсад аз мардуми Русияи омодаи ҳимоят аз Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар сурати тасмими вай барои поён додан ба ҷанг алайҳи Украина ҳастанд.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, ҳамчунин 76 дарсад аз шаҳрвандони Русия аз иқдомоти артиши ин кишвар дар Украина ҳимоят мекунанд.
Сатҳи ҳимояти мардуми Русия аз иқдомоти артиши ин кишвар дар Украина ҳамчунон болост ва аз ибтидои даргирӣ то кунун тағйироти қобили таваҷҷуҳе надоштааст. Зеро барои мисол, бар асоси натоиҷи назарсанҷии моҳи сентябр низ 73 дарсади шаҳрвандони рус ҳимояти худро аз иқдомоти артиши ин кишвар дар Украина эълом карда буданд.