Ноябр 13, 2023 11:45 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли барканории раисиҷумҳӯри Украина
    Эҳтимоли барканории раисиҷумҳӯри Украина

Мушовири раисиҷумҳӯри собиқи Украина аз эҳтимоли барканории  Зеленский, раисиҷумҳӯрии ин кишвар хабар дод.

Ҷанг дар Украина,  бо ҳимояти ғарбиҳо ҳанӯз ҳам бо гузашти беш аз яксол, идома дорад. Идомаи ин ҷанг дар ҳоле аст, ки Зеленский раисҷумҳӯрии Украина ба тозагӣ гуфтааст : Агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумакҳои низомӣ ва  молии худро ба Киев  мутаваққиф кунад, мо ҳамчунон ба ҷанг бо Русияи идома хоҳем дод.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Исно,  « Олег Соскин » ( Oleg Soskin ) мушовири собиқи ду раисҷумҳӯри пешини Украина гуфт, адами тамоюли Владимир Зеленский нисбат ба музокироти сулҳ бо Русия, мумкин аст боиси барканории ӯ шавад.

Соскин дар канали Ютюб гуфт : Иқдомоти Зеленский мӯҷиб мешавад то бархе аз ҳомиёни ғарбии ӯ ба ин масаъла фикр кунанд ки бояд шахси дигареро дар Киев қарор диҳанд.

Ин мақоми собиқи раёсат ҷумҳурии Украина хотирнишон кард : Масаълаи музокироти сулҳи миёни Русия ва  Украина ба мавзӯъи роиҷ на танҳо дар Русия балки дар Ғарб бадал шудааст.

Бештар бихонед: