Набарди сангини муқовимат бо низомиёни саҳюнист дар ғарби Ғазза
(last modified Tue, 14 Nov 2023 12:28:18 GMT )
Ноябр 14, 2023 17:28 Asia/Dushanbe
  • Набарди сангини муқовимат бо низомиёни саҳюнист дар ғарби Ғазза
    Набарди сангини муқовимат бо низомиёни саҳюнист дар ғарби Ғазза

Манбаи хабарӣ аз набарди шадиди байни размандагони муқовимат ва низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар ғарби шаҳри Ғазза хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоб, набардҳои шадиди миёни размандагони муқовимат ва неруҳои артиши режими саҳюнистӣ дар маҳаллаи Алрамол воқеъ дар ғарби шаҳри Ғазза ва маҳаллаи Ашайхи Аҷҷалин дар ғарби ин минтақа ҷараён дорад ва артиши режими саҳюнистӣ дар ҳоли гулулаиборони тупхонаи ин ду минтақа аст.

Дар ҳамин ҳол гурдонҳои Алқисом зуҳри имруз аз кушта шудан ду низомӣ ва захмӣ шудан се низомии дигари артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаи байти Ҳонун дар шимоли борикаи Ғазза хабар дод.

Пеш аз ин низ размандагони муқовимати фаластинӣ пойгоҳҳо ва мавозиъи артиши режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва тупхонаи худ қарор дода буданд.

Артиши режими саҳюнистӣ низ шаби гузашта душанбе эълом кард дар ҷараёни набардҳои заминӣ дар шимоли борикаи Ғазза ду низомии саҳюнистӣ кушта ва чаҳор низомии дигар захмӣ шуданд.

Бо эҳтисоби ин ду низомии артиши режими саҳюнистӣ ба кушта шудан 48 низомӣ ва афсари худ аз оғози набардҳои заминӣ дар Ғазза изъон карда аст.

Аз суи дигар расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд ки ягони 669 артиши режими саҳюнистӣ аз замони оғози ҳамлаи маҳдуди заминӣ дар Ғазза беш аз 260 амалиёти интиқоли куштаҳо ва захмиҳоро аз тариқи ҳавоӣ ва заминӣ анҷом дода аст.