Кушта шудани 93 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон дар соли 2016
(last modified Sat, 31 Dec 2016 14:00:53 GMT )
Декабр 31, 2016 19:00 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 93 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон дар соли 2016

Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон аз кушта шудани 93 хабарнигор дар қатлҳои ҳадафманд ё ноамниҳо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, дар соли 2016 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон (IFJ) эълом кард, ин рӯзноманигорон дар қатлҳои ҳадафманд ё ҳаводиси тирандозӣ дар 23 кишвари африқоӣ, Осиё ва Уқёнусия, амрикоӣ, аврупоӣ, Ховари Миёна ва ҷаҳони араб кушта шуданд.

Федератсияи байналамилалии рӯзноманигорон ҳамчунин таъкид кард, марги 20 гузоришгари Бразилия бар асари суқути ҳавопаймо дар шаҳри Medellin дар Колумбия ва марги 9 гузоришгари Русия дар суқути ҳавопаймоӣ дар Дарёи Сиёҳ, бадтарин ҳаводис барои рӯзноманигорон дар соли 2016 буд.

Бар асоси ин гузориш, кушта шудани 93 рӯзноманигор тайи соли 2016 дар ҳолест, ки шумори рӯзноманигорони ҷон бохта, тайи соли гузашта мелодӣ дар саросари ҷаҳон 112 нафар будааст.

Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон бузургтарин созмони рӯзноманигорон аст, ки нахустин бор дар соли 1926 таъсис шудааст. Дар ҳоли ҳозир, 600 ҳазор узв дар 140 кишвар дар ин созмон, дар ҳоли фаъолия  ҳастанд ва барои беҳбуди озодии расона талош мекунанд.

Ҳадафи аслии Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон тақвияти ҳуқуқ ва озодии рӯзноманигорон аст ва ҳувияти он дар ҷиҳати ҳимоят аз адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқи коргарӣ, ҷаҳонисозӣ, ҳуқуқи башар, демократия ва мубориза бо фасод ва фақр шакл гирифтааст.