Нобудии ҷойгоҳи Байден дар миёни райдиҳандагони ҷавон
(last modified Mon, 20 Nov 2023 08:13:43 GMT )
Ноябр 20, 2023 13:13 Asia/Dushanbe
  • Нобудии ҷойгоҳи Байден дар миёни райдиҳандагони ҷавон
    Нобудии ҷойгоҳи Байден дар миёни райдиҳандагони ҷавон

Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ нишон медиҳад, Ҷу Байден раисиҷумҳӯри Амрико, ҷойгоҳи поинтаре дар миёни қишри ҷавони ин кишвар дорад.

Дар интихоботи раёсат Ҷумҳурии Амрико дар соли 2020, рай диҳандагони ҷавон яке аз авомили муассир бар пирӯзии Ҷу Байден дар ин интихобот буданд.

Тибқи назарсанҷии шабакаи Эн  Би Си Нюзи Амрико, дар соли 2020, Байден дар  гурӯҳи ройдиҳандагон 18 - 29 сол бо ихтилоф беш аз 20 дарсад ба пирӯзӣ расид. 

Ба гузориши Исно,бар асоси натиҷаи назарсанҷии шабакаи Эн  Би Си Нюз,  ки рӯзи якшанбе эълом шуд.  Ҷу Байден дар миёни гуруҳи ройдиҳандагон 18 - 34 солаи 42 дарсади рай ва Доналд Трамп, раисиҷумҳӯри пешини Иёлоти Муттаҳида,  46 дарсади ороро ба даст овараданд. Бар ин асос, Байден дар рақобати фарзи бо Трамп дар миёни кули райдиҳандагон аз ҳамаи гуруҳҳои суннӣ бо ихтилофи кучаки ду дарсад аз рақиби Ҷумҳурии хоҳиши шикастхӯрда ва дар ин бахш Трамп 46 дарсад ва Байден 44 дарсади ороро касб карданд.

Байден дар назарсанҷии Эн  Би Си Нюз, яке аз камтарини дарсадҳои маҳбубиятро муодили 40 дарсад ба даст оварад. 57 дарсад аз райдиҳандагон ҳам гуфтанд раёсатҷумҳурии Байденро таъйид намекунанд.

Дар ин миён,  62 дарсад аз ширкаткунандагон, шомили 30 дарсад аз демукротҳо гуфтанд мудирияти сиёсати хориҷи тавассути Байден мавриди таъиди онҳо нест. Ҳамчунин 56 дарсад аз райдиҳандагон таъкид карданд, бо амалкарди Байден дар қиболи ҷанг дар Ғазза мухолифанд.

Тибқи назарсанҷии шабакаиЭн  Би Си Нюз, 51 дарсад аз райдиҳандагони демокрот бо тавваҷуҳ ба ҷанг дар Ғазза муътақиданд, артиши режими саҳюнистӣ ба ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин " Ҳамос " посухи ифротӣ додааст.