Ҳенри Киссинҷер даргузашт
(last modified Thu, 30 Nov 2023 07:25:49 GMT )
Ноябр 30, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳенри Киссинҷер даргузашт
    Ҳенри Киссинҷер даргузашт

Вазири хориҷаи собиқи Амрико дар сини 100 солагӣ дар хонааш дар Иёлати Коннектикут даргузашта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва  Симо ; шабака « Си Эн Эн » дар хабари фаврӣ эълом кард,Ҳенри Киссинҷер  вазири хориҷаи собиқи Амрико дар сини 100 солагӣ дар хонааш дар Иёлати Коннектикут даргузашта аст.

ӯ дар давлатҳои Ричерд Никсон ва Герал Форд нақшии таъйинкунанда дар сиёсати хориҷаи Амрико дошт. Ҳенри Киссинҷер  дар 27 майи 1923 ( 6 хурдоди 1302 ) дар Иёлати Бавариаи Олмон, ва дар як хониводаи яҳӯдии табақаи мутавассит ба дунё омад. Киссинҷер ва  хонаводааш дар соли 1938 аз Олмони таҳти тасаллути нозиҳо ба Амрико гурехтанд.

Киссинҷер фарзанди як хонаводаи яҳӯди буд ки аз Олмони Нози дар соли 1938 ба Амрико паноҳанда шуд ва аз соли 1968 то 1977 дар давлатҳои Ричерд Никсон ва  Герал Форд ба мақоми мушовири амнияти миллӣ ва  вазорати хориҷаи ин кишвар расид. Дар соли 1973 ба ӯ ҷоизаи сулҳи Нобел ба унвони талошҳояш дар оташибаси Ветнам эҳдо шуд ки бисёр муноқиша барангез шуд .