Декабр 08, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои мақомоти Эрону Русия дар Маскав
    Ройзаниҳои мақомоти Эрону Русия дар Маскав

Ҳайатҳои олирутбаи иқтисодиву сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия рӯзи панҷшанбе дар нишасти муштарак ба гуфтугӯ ва табодули назар дар бораи мавзӯоти мавриди алоқаи ду кишвар пардохтанд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нишаст, ки бо ҳузури вузарои умури хориҷа, роҳу шаҳрсозӣ, нафт, раиси Созмони энержии атомӣ ва раиси кулли Бонки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамтоёни русӣ баргузор шуд, тарафайн дар ҳузури руасои ҷумҳурии ду кишвар дар хусуси мавзӯоти дуҷониба ва мавриди тавофуқ, аз ҷумла дар ҳавзаи энержӣ, бонкиву пулӣ, ҳамлу нақл ва кишоварзӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд ва ибтикороти ҷадиде низ барои тасреъ дар иҷрои тавофуқоти суратгирифта матраҳ шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ки субҳи панҷшанбе ба даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар садри ҳайати олирутбаи сиёсиву иқтисодӣ ба Маскав сафар карда буд, шомгоҳи панҷшанбе бо ҳамроҳии бархе мақомоти ин кишвар Маскавро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

 

Барчасп