Таъкиди Русия бар барқарории оташбас дар Ғазза
(last modified Wed, 13 Dec 2023 12:39:50 GMT )
Декабр 13, 2023 17:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар барқарории оташбас дар Ғазза

Вазири умури хориҷаи Русия бо таъкид бар мухолифати Москва бо бомбаборони ғайринизомиён дар Ғазза, гуфт: «Русия ба думболи барқарории оташбаси пойдор дар маҳалли даргирӣ миёни нируҳои фаластинӣ ва исроилӣ аст».

Дар ҷаласаи фавқулоддаи Маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар бораи вазъияти навори Ғазза, ки рӯзи сешанбе ташкил шуд, 153 кишвар аз миёни 193 узви Созмони Миллал ба қатъномаи барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза ва низ озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳама асирон раъйи мусбат доданд.

  10 узви Созмони Миллал низ ба ин қатънома раъйи манфӣ ва 23 узви низ раъйи бетараф доданд ва ба ин тартиб аксарияти қотеъи аъзои Созмони Миллал дар баробари хости Амрико ва режими Исроил истод.

 Ба гузориши ИРНА, Сергий Лавров дар суханронии худ дар Шӯрои федератсияи Русия хотирнишон кард: Маскав дар дараҷаи аввал вазифаи худро озодии гаравгонҳо ва хурӯҷи шаҳрвандони Русия ва тамоми афроде, ки намехоҳанд дар навори Ғазза бимонанд, медонад.

Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, авлавияти дувуми Кремл ирсоли фаврии кумакҳои инсондӯстона ва хадамоти дармонӣ ва пизишкӣ барои сокинони Ғазза аст.

  Лавров авлавияти севуми Русияро барқарории оташбаси пойдор дар Ғазза донист; ба тавре, ки шароит барои ҳаллу фасли мушкиле, ки беш аз 75 сол аст ҳалнашуда боқӣ монда, яъне ташкили давлати Фаластин фароҳам шавад.