Декабр 14, 2023 11:18 Asia/Dushanbe
  • Имзои даҳҳо тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Чин ва Ветнам
    Имзои даҳҳо тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Чин ва Ветнам

Чин ва Ветнам барои афзоиши ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногӯн аз ҷумла масоили амниятӣ, кишоварзӣ , энержӣ ,иқтисоди диҷитолии тавсеаи сабз тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, раисиҷумҳӯри Чин дар сафар ба Ветнам даҳҳо паймони ҳамкорӣ бо ин кишварро имзо кард .

Ду тараф дар баёнияи 16 сафҳаии муштараки худ зимни таъаҳҳуд барои афзоиши ҳамкориҳо дар заминаи саноеъи дифоӣ ва  табодули иттилоот тавофуқ карданд , хутути иртиботии бештарӣ барои расидагӣ ба ҳаргуна шароити изтирорӣ дар обҳои мавриди муноқиша ( дар дарёӣ Чини ҷанубӣ ) эҷод кунанд .

Қарордодҳои имзо шуда ҳамчунин шомили ҳамкорӣ дар заминаи маводи маъданӣ ва  сармоягузорӣ дар мухобирот ва "ҳамкории додаҳои диҷитол" ، хутути рийлӣ ва  заминаҳои амниятӣ аст .

Тахмин зада мешавад,  Ветнам пас аз Чин дуюмин захоири бузурги хокии камёб дар ҷаҳонро дошта бошад.

Барчасп