Адои эҳтироми варзишкори австралияӣ ба шаҳидони Ғазза
Декабр 14, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
Бозикуни тими крикети Австралия дар ҳимоят аз мардуми Фаластин бозӯбанди сиёҳ баст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Усмон Хоҷа-крикетбози австралияӣ дар аввалин мусобиқаи крикети байни Австралия ва Покистон, ба эҳтироми шаҳидони Ғазза бозӯбанди сиёҳеро ба бозӯи худ баст ва рӯйи кафшҳояш ҳам паёмҳое дар ҳимоят аз Фаластин часпонд.
Ин бозикуни австралияӣ дар ҷараёни бозӣ ҳам паёмҳое аз ҷумлаи «озодӣ ҳаққи башар аст» ва «ҳамаи инсонҳо ҳаққи зиндагӣ доранд» дар ҳимоят аз мардуми Ғазза мунташир кард.
Ин иқдоми Хоҷа дар ҳоле сурат гирифт, ки қонунҳои Шӯрои байналмиллалии крикет, таблиғи паёмҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва нижодиро аз сӯи бозикунон дар тӯли мусобиқот мамнуъ кардааст.