Минск мизбони раисони созмонҳои амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои ИДМ
19-умин нишасти сарони созмонҳои амниятӣ ва хадамоти иттилоотии узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Минск баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, нуздаҳумин нишасти сарони созмонҳои амниятӣ ва сервисҳои иттилоотии аъзои кишварҳои ИДМ дар Минск, пойтахти Беларус баргузор шуд.
Дар ин нишаст Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, ҳайатҳое аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳузур доштанд.
Дар ин гирдиҳамоӣ натоиҷи таомулоти фосилаи ду нишасти қаблӣ ва кунӯнӣ баррасӣ шуд. Ҳамкории сервисҳои иттилоотӣ барои таъмини амнияти кишварҳои ИДМ дар буҳбуҳаи вахомати авзоъи байналмилалӣ ва минтақаӣ низ аз дигар мавзуоти матраҳ шуда дар ин нишаст будааст.
Нишасти сарони кишварҳои ИДМ ба раёсати Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон 14 октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти ин кишвар баргузор шуд.
Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон узви кишварҳои ИДМ ҳастанд.