Ҳушдори Чин дар бораи истиқрори низомии Амрико дар Осиё – Уқёнусия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i110416-Ҳушдори_Чин_дар_бораи_истиқрори_низомии_Амрико_дар_Осиё_Уқёнусия
Вазорати дифои Чин дар бораи истиқрори таъсисоти низомии Амрико дар минтақаи Осиё - Уқёнусия ҳушдор дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 29, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Амрико
    Ҳушдори Чин ба Амрико

Вазорати дифои Чин дар бораи истиқрори таъсисоти низомии Амрико дар минтақаи Осиё - Уқёнусия ҳушдор дод.

Амрико ҳамвора бо ҳузури низомӣ дар шибҳи ҷазираи Корея ва дарёи Чини Ҷанубӣ ва тангаи Тайван боиси таниш дар минтақа шудааст ва Чин ҳамвора ба ин таҳаррукоти низомӣ ба Амрико ҳушдор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, ба дунболи эъломи Амрико, мабнӣ бар тасмими ин кишвар барои бозсозии фурудгоҳе дар минтақаи Осиё – Уқёнусия, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз он барои бомбаборони атомии Ҷопон истифода шуд, Вазорати дифои Чин аз кишварҳои минтақа хост, ба ҳоли омодабош дароянд.

Ву Киён, сухангӯи артиши Чин рӯзи панҷшанбе гуфт: Артиши Чин аз наздики иқдомоти Амрикоро дар минтақа зери назар дорад ва қотеона аз ҳуқуқи дарёӣ, амният ва ҳокимияти кишвараш дар минтақа муҳофизат хоҳад кард.

Пештар як генерали неруи ҳавоии Амрико ба рӯзномаи ҷопоние гуфт, ки артиши Амрико дар моҳҳои оянда пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар бозсозии фурудгоҳи Тянёни шимолӣ бо ҳадафи истиқрори ҳавопаймо дар минтақа барои муқобила бо Чин хоҳад дошт.

Ин фурудгоҳ, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум беистифода монд, дар ҷазираи Тянён воқеъ аст, ки яке аз ҷазоири Марианаи шимолӣ - қаламрави Амрико дар 200 километрии шимоли Гвом дар уқёнуси Ором ба шумор меравад.