Декабр 30, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Кӯдаккуши дар Ғазза, пешаи ҳамешагии режими саҳюнистӣ
    Таҳлил : Кӯдаккуши дар Ғазза, пешаи ҳамешагии режими саҳюнистӣ

ЮНИСЕФ дар гузорише эълом кард соли 2023 барои кӯдакон дар Каронаи Бохтарӣ маргбортарин сол будааст.

« Аделе   » ، раиси бахши Ховаримиёна ва  шимоли Африқои Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ( ЮНИСЕФ ) рӯзи панҷшанбе дар баёние эълом кард. ки теъдоди кӯдакони шаҳиди фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Байтул Муқаддаси  шарқӣ дар соли 2023 ба « сатҳ бесобиқае » расида ва  маргбортарин сол барои кӯдакон дар Карона Бохтарӣ будааст. Аделе гуфт : Дар миёни афзоиши амалиёти низомӣ дар давоздаҳ ҳафтаи гузашта ، 83 кӯдак дар Каронаи Бохтарӣ кушта шудаанд, ки беш аз ду баробари теъдоди кӯдакони кушта шуда дар тамоми сол 2022 аст . Ӯ гуфт ки беш аз 576 кӯдак низ дар Каронаи Бохтарӣ маҷрӯҳ шудаанд ва  гузоришҳое ҳоки аз боздошти теъдоди дигаре аз кӯдакони фаластинӣ дар ин минтақа аст .

Кӯдаккуши марбут ба ҷанги ахир Ғазза нест. Ҳамвора кӯдакони фаластинӣ мавриди ҳадафи режими саҳюнистӣ қарор доштаанд ва  кӯдаккуши пешаи ҳамешагии ин режими ишғолгар аст . Аз соли 2000 то 2020 яъне тайи 20 сол ، низомиёни режими саҳюнистӣ 3 ҳазор кӯдаку навҷавони фаластиниро ба шаҳодат рисондаанд . Режими саҳюнистӣ, ки ин рӯзҳо дар баробари муқовимат комилани ғофилгир шуда ва дар ҷойгоҳи шикаст хӯрдагон қарори гирифта ,бори дигар ба пешаи ҳамешагии худ яъне кӯдаккуши рӯй овардааст .

Аз замони шурӯъи ҷанги ахири Ғазза дар 7 октябр токунӯн, мутобиқи гузорише, ки Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид ( ЮНИСЕФ ) мунташир карда, кӯдакон бо суръати нигаронкунандае дар ҳоли марг ҳастанд ва беш аз 5000 кӯдак кушта ва ҳазорон нафари дигари захмӣ шудаанд . Беш аз 1 . 7 миллион нафар дар навори Ғаззаи овора шудаанд, ки ними аз онҳо кӯдак ҳастанд . Онҳо ба об, ғизо, сӯхт ва  дорӯ дастрасии кофӣ надоранд . Хонаҳои онҳо вайрон шудааст . Хонаводаҳояшон аз ҳам пошида шуд .

Ҷинояти саҳюнистҳо алайҳи кӯдакони Ғазза ба ҳаддӣ вахим ва ғайриинсонӣ аст, ки ЮНИСЕФ дар гузориши худ менависад : « Ҳатто ҷангҳо ҳам қавонине доранд. Ҳеҷ кӯдаке набояд аз хадамоти зарурӣ маҳум шавад ва аз дастрасӣ ба кумакҳои инсонии дӯстона манъ шавад . Ҳеҷ кӯдаке набояд гаравгон гирифта шавад ё ба ҳеҷ ваҷҳ дар даргириҳои мусаллаҳона истифода шавад. Бемористонҳо ва  мадорис бояд дар баробари бомбборон муҳофизат шаванд ва  тибқи қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ аз онҳо барои мақосиди низомӣ истифода нашавад . Ташдиди хусуматҳо дар навори Ғазза таъсири фоҷеъабори бар кӯдакон ва хонаводаҳо дорад .»

Гузориши ЮНИСЕФ дар бораи кӯдакони Ғазза дар ҳоле аст, ки анвоъи беморӣ низ ин кӯдаконро таҳдид мекунад ва бо тавваҷуҳ ба ин,ки ағлаби бемористонҳо тахриб шуда ва аз кор афтодаанд ва ё ба далели надоштани сӯхт ва  барқи қодир ба фаъолият нестанд. шумори шуҳадои кӯдак афзоиш низ хоҳад дошт. Бо ин ҳол, сирфан марг сарнавишти кӯдакон Ғазза нест балки аз даст додани волидайн. аз байн рафтани манозил ва  овораги дасти ками аз марг барои онҳо надорад . Кӯдаконе, ки ҳануз дар Ғазза зинда ҳастанд, агар аз ҷангу ҷинояти режими саҳюнистӣ ҷони солим ба дар бибаранд, рӯзгори сахтӣ дар интизор онҳо аст. Бо ин вуҷӯд, муддаиони ҳуқуқи башар ба раҳбарии Амрико на танҳо ҳанӯз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ба хусӯс кӯдаконро намебинанд балки аз таваққуфи ҷанг низ ҷилавгирӣ мекунанд . Шӯрои амнияти Созмони Миллал тавассути Амрико ба гаравгон гирифта шуда ва аз ҳар гӯна иқдоме барои таваққуфи кӯдаккушии режими саҳюнистӣ нотавон аст .

Барчасп