Фурудгоҳи Кобул ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11047
Фурудгоҳи байналмилалии “Ҳомид Карзай”-и Кобул ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 02, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Фурудгоҳи Кобул ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт

Фурудгоҳи байналмилалии “Ҳомид Карзай”-и Кобул ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, шабакаи телевизионии «Тулуъ нюз»-и Афғонистон дар хабари фаврӣ аз исобати 3 ракет ба муҳавватаи берунии фурудгоҳи Кобул хабар дод.

Ин ҳамла пас аз он анҷом шуд, ки Маҳмудшоҳ  Ҳабибӣ, муовини амалиётии Идораи мустақили ҳавонавардии Афғонистон, аз вогузарии масъулияти фурудгоҳи байналмилалии Кобул аз неруҳои НАТО ба давлати Афғонистон хабар дод.

Ба гуфтаи Қурайшӣ, бо вогузарии бахши ҳавошиносии фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба давлати Афғонистон, аз ин пас масъулияти комили мудирияти ин фурудгоҳ бар ӯҳдаи афғонҳо аст.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Кобулро бар ӯҳда нагирифтааст.

Пойтахти Афғонистон аз ҷумла фурудгоҳи Кобул пеш аз ин низ чандбор ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифта буд.

Генерал Мурод Салҷуқ, фармондеҳи туркиёии НАТО дар фурудгоҳи Кобул гуфт, мо ба афғонҳо кумак мекунем, то тавоноии онҳоро дар таъмини амнияти фурудгоҳ иртиқо диҳем.