Январ 02, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли мушорикати шаҳрвандони Қирғизистон ва Туркманистон дар ҳамлаи Истамбул

Пулиси Туркия имрӯз эълом кард, омилони ҳамлаи клуби Истамбул эҳтимолан шаҳрвандоне аз Туркманистон ё Қирғизистон ва муртабит бо ДИИШ будаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, пулиси Туркия таъкид кардааст, ки талошҳо барои шиносоӣ ва дастгирии омил ё омилони ҳодисаи террористии рӯзи гузашта дар Истамбул идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори баёнияи расмӣ масъулияти тирандозии шаби соли нави мелодӣ дар Истамбулро бар ӯҳда гирифт.  

Гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори баёнияи расмӣ, давлати Туркияро давлати “кофир” хонда ва эълом карда, ки ин ҳамла алайҳи давлати Туркия буда ва ба интиқоми ҳамалоти ҳавоии Туркия алайҳ аносури  ДИИШ дар шимоли Сурия сурат гирифтааст.

Бомдоди рӯзи гузашта (якшанбе) як муҳоҷими мусаллаҳ ба бошгоҳи шабонаи « Reina » дар Истамбул ҳамла кард ва бо тирандозӣ дастикам 39 нафарро кушт ва 69 нафари дигарро маҷрӯҳ кард ва аз маҳал гурехт.

Неруҳои амниятии Туркия ҳамчунон дар ҷустуҷӯи омили ин ҳамлаи террористӣ ҳастанд.

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, бо вуҷуди истиқрори 25 ҳазор неруи амниятӣ дар Анкара ва 18 ҳазор афсари пулис дар Истамбул ҳанӯз ҳам ҳушдорҳое дар бора эҳтимоли анҷоми ҳамалоти террористӣ дар соли нав дода мешавад.