Январ 08, 2024 14:41 Asia/Dushanbe

Тӯфон ва яхбандон сабаби лағви парвоз дар Амрико шуд ва зиндагии миллионҳо амрикоиро таҳти таъсир қарор дод.

Ба гузориши сервиси байналмиллалии хабаргузори Садо ва Симо, шабакаи телелвизионии ABC News, аз бориши барфи сангин дар манотиқи шимолу шарқи Амрико хабар дод, ки сабаби бурузи  мушкилоти фаровон барои миллионҳо амрикоӣ шудааст.

Коршиноси Созмони ҳавошиноси гуфт: Пешбинӣ мекунем дар бахшҳое аз ҷануби уқёнуси Атлас ва Иёлотҳои шимолу шарқи Амрико шоҳиди вуқӯъи сел бошем. Мардуми ин манотиқ. субҳи фардо бо сармои шаддид ва тӯфон мувоҷҷеҳ хоҳанд шуд.

Дар ин манотиқ ҳудуди 30 сантиметр барф хоҳад борид. Ин  ҳавои сард ва тӯфони ҳамроҳи он, дар 72 соати оянда, шароити бисёр сахтеро барои бисёре аз манотиқи ин кшгвар дар рӯзҳои оянда эҷод хоҳад кард.

Миллионҳо нафар дар манотиқи шимолу шарқи Амрико худашонро барои ин мавҷи барф ва тӯфон омода мекунанд. Ин дар ҳодл аст, ки корҳои барф рӯби барои манотиқе дар ҷараён аст, ки дар ду рӯзи гузашта шоҳиди бориши шаддиди барф будааст.