Январ 08, 2024 15:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амирии Қатар ба оташбаси фаври дар Борикаи Ғазза
    Таъкиди Амирии Қатар ба оташбаси фаври дар Борикаи Ғазза

Амири Қатар бар тавақуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ва барқарории оташбаси фаври дар сарзаминҳои ишғолӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Амири Қатар рӯзи якшанбе дар дидор бо вазири умури хориҷаи Амрико дар Давҳа бо таъкид бар тавақуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ва барқарори оташбаси фаврӣ, ирсоли кӯмакҳои инсондӯстонаро ба минтақа зарӯри донист.

Амири Қатар тасреҳ кард, барои субот ва амният дар минтақа, коҳиши танишҳо бисёр зарӯрӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Урдун ҳам рӯзи якшанбе дар дидори вазири умри хориҷаи Амрико дар Уммон, бар тавақуфи фаврии ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, ҳимоят аз ғайринизомиён, тазмини ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ва пизишкии кофӣ ва доимӣ ба ҳамаи манотиқи Борика таъкид кард.

Аз замони шурӯъи амалиёти Тӯфони Алақсо аз 7-уми октябри 2023 Амрико ва кишварҳои ғарбии ҳомии Кохи Сафед, бо ҳимоятҳои ошкор аз саҳюнист, монеъи сулҳ ва барқарории оромиш дар Ғазза шуданд.

Амрико ва Британия, аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки ҳамвора ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Миллал барои барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза райи манфи доданд ва бар хилофи иддаои нодурӯсти вазири умури хориҷаи Фаронса фақат Ҷумҳӯрии иИломии Эрон аз ибтидои таҷовузи режими Исроил бар лузуми барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза таъкид кардааст.

Амрико, Британия ва Фаронса ба унвони кишварҳои дороӣ "Вето" дар Шӯрои амнияти Созмони Миллал ҳеҷ гоҳ ҳозир набуданд то барои дифоъ аз мардуми мазлуми Фаластин ва тавақуфи ҷангафрӯзиҳои режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ иқдоме анҷом диҳанд. 

 

Барчасп