Январ 11, 2024 15:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз муҳокимаи режими саҳюнистӣ дар Додгоҳи байналмиллалии кайфари
    Ҳимояти Эрон аз муҳокимаи режими саҳюнистӣ дар Додгоҳи байналмиллалии кайфари

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз иқдоми давлати Африқои Ҷанубӣ барои шикоят алайҳи режими саҳюнистӣ назди девони байналмиллалии додгустари ҳимоят кард.

Режими саҳюнистӣ аз 17-уми октябр, ба баҳонаи мубориза бо Ҷунбиши Ҳамос шаддидтарин ҳамлаи ҳавоӣ ва заминиро алайҳи мардуми бе дифоъи Борикаи Ғазза ва бо ҳимояти сиёсӣ ва низомии Амрико ва дигар ҳомиёни ғарбии худ оғоз кард, ки натиҷаи ин ҳамалот чизе ҷузъ вайронии бисёре аз хонаҳо ва оворагии бештари сокингони Ғазза ва низ шаҳодати беш аз 23 ҳазор нафар ва захмӣ шудани 280 ҳазор нафар набуд.

Дар ҳамин росто, Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи муҷозоти омилони кӯштори фаластиниён дар Борикаи Ғазза ва поён додан ба ҷиноёти режмими саҳюнистӣ дар Додгоҳи байналмиллалии кайфарӣ дар шаҳри Лоҳа дар Недерландия тарҳи шикоят кард.

Дар ин лоиҳа, ки 84 саҳифа танзим шуда, Африқои Ҷанубӣ, Исроилро ноқизи мафоди канвонсиюни пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти наслкӯши дониста аст.

Додгоҳи байналмиллалии кайфари Лоҳа тайи панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ( 11 ва 12 январ) дидгоҳҳои  ҳуқуқии Африқои Ҷанубӣ ва режими саҳюнистӣ дар хусуси парвандаи наслкӯши дар Борикаи Ғаззаро баррасӣ мекунад.

То кунун бисёре аз кишварҳо шомили Покистон, Урдун, Малазия,  Туркия, Веназуела ва Либия ва низ Созмони Ҳамкории Исломӣ аз муҳокима ва расидагӣ ба ҷиноёт ва наслкӯшии ахири режими саҳюнистӣ дар Додгоҳи кайфарии байналмиллалӣ ҳимоят кардаанд.

Барчасп