Январ 11, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости Чин барои таваққуфи ҷиноятҳои Исроил дар борикаи Ғазза

Вазорати умури хориҷаи Чин таваққуфи ҷиноятҳои ваҳшиёна ва сиёсати муҷозоти ҷамъии мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза аз сӯи режими сохтагии Исроилро хостор шуд.

 Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алҷазира", Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар баёнияе эълом кард: Тарафҳои даргир дар борикаи Ғазза қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро иҷро кунанд.

 Дар баёнияи ин вазорат омадааст : Пекин оташбаси ҳамаҷониба ва таваққуфи фаврии даргириҳоро хостор аст. Исроил бояд муҷозоти ҷамъии мардуми Фаластин дар борикаи Ғаззаро мутаваққиф кунад.

 Дар ҳамин ҳол Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише бо ишора ба идомаи буҳрон дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор дод, ки иқтисоди ҷаҳон заифтарин рушди иқтисодӣ дар 30 соли ахирро таҷриба мекунад ва пешбинӣ мешавад раванди кунди беҳбуди иқтисодӣ пас аз карона ва ҷангҳои фалаҷкунанда дар Украина ва ғарби Осиё тавлиди иқтисодиро ба мизони қобили таваҷҷуҳе таҳти таъсир қарор диҳад.

 Дар ин гузориш омадааст, ин хатар вуҷуд дорад, ки ҷанги Ғазза ба даргирии васеътаре табдил шавад, ки мумкин аст мӯҷиби боло рафтани қимати нафт ва маводи ғизоӣ ва афзоиши дубораи қиматҳо шавад.

 Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ тасреҳ шудааст ҷанги ахир дар ғарби Осиё бо фосилаи андак аз таҳоҷуми Русия ба Украина мӯҷиби афзоиши хатарҳои геополотикӣ низ шудааст. Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи идома ва ё аҳёнан гусштариши ҷанги Ғазза дар шароите аст, ки кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико ҳамчунон бо ҳимояти ҳамаҷониба аз иқдомоти ваҳшиёна ва ҷинояткоронаи режими сохтагии Исроил, боиси вахимтар шудани авзоъ ва ҳамчунин густохии бештари ин режим ба идома додани ҷиноёти худ зидди мардуми Фаластин шавад.

 

Барчасп