Таъкиди Дидабони Ҳуқуқи Башар бар масъулияти ҷаҳонӣ дар қиболи тасмими Гаага
(last modified Fri, 12 Jan 2024 16:30:54 GMT )
Январ 12, 2024 21:30 Asia/Dushanbe
  • Нақши Африқои Ҷанубӣ дар ирҷои парвандаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза
    Нақши Африқои Ҷанубӣ дар ирҷои парвандаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза

Мудири иҷроии созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар бар масъулияти ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи табаият кардани Исроил аз натиҷаи шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи ин режим тавассути Девони байналмилалии додгустарии Гаага таъкид кард.

Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи муҷозоти омилони куштори фаластиниён дар навори Ғазза ва поён додан ба он алайҳи режими саҳюнистӣ, дар Девони байналмилалии додгустарӣ дар шаҳри Гаага, дар Ҳоланд тарҳи шикоят кардааст.

Дар ҳамин росто, Тироно Ҳасан, мудири иҷроии Дидабони Ҳуқуқи Башар рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо Ройтерс аз нақши Африқои Ҷанубӣ дар ирҷои парвандаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ба Девони байналмилалии додгустарии вобаста ба Созмони Милал қадрдонӣ карду гуфт: Агар режими Исроил аз равияҳо ё дастуроти додгоҳ табаият накунад, ҷомеаи байналмилал бояд итминон ҳосил кунад, ки ҳар навъ фишори мумкин барои маҷбур кардани ин режим ба иҷрои воқеии иқдомот вуҷӯд дорад.

Мудири иҷроии Дидабони Ҳуқуқи Башар бо ишора ба ин ки ҷинояти эъмоли қаҳтиву гуруснагӣ алайҳи сокинони Ғазза аз сӯи режими Исроилро мустанад кардааст, идома дод: Аз замоне ки ин ниҳоди ҳуқуқӣ сиёсати режими саҳюнистӣ барои қаҳтӣ дар Ғаззаро мустанад кардааст, ҳеҷ тағйире, ки нишон диҳад мақомоти ин режим рӯйкарди худро канор гузоштаанд, зоҳир нашудааст.