Номаи донишмандони амрикоӣ ба Трамп: БАРҶОМ-ро ҳифз кунед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11089
Ҷамъе аз донишмандони амрикоӣ дар номае ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар аз вай хостанд, тавофуқи ҳастаии Ғарбу Эронро ба унвони дороии стратегии Амрико ҳифз кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 03, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Номаи донишмандони амрикоӣ ба Трамп: БАРҶОМ-ро ҳифз кунед

Ҷамъе аз донишмандони амрикоӣ дар номае ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар аз вай хостанд, тавофуқи ҳастаии Ғарбу Эронро ба унвони дороии стратегии Амрико ҳифз кунад.

Ба гузориши ИРНА, торнамои рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк таймс” дар бораи ин номаи 3 сафҳаӣ навишт, ин донишмандон, ки шомили соҳибони ҷоизаи Нобел, мушовирони илмии собиқи Кохи Сафед ва мутахассисони тавлиди таслеҳоти ҳастаӣ ҳастанд, дар номаи худ аз Трамп хостаанд, ин тавофуқро барҳам назанад.

Ин нома ба ибтикори Ричард Лоуренс Гарвин (Richard Lawrence Garwin), физикдони 88- солаи амрикоӣ навишта шуда, ки вайро нахустин тарроҳи бомбаи ҳидрогенӣ медонанд.

Онҳо дар ин хусус далел пеш овардаанд, ки БАРҶОМ ин хатарро, ки Эрон битавонад якбора миқдори қобили таваҷҷуҳе модда барои сохти силоҳи ҳастаӣ истеҳсол кунад, ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш додаву дар натиҷа ҳамсоягони Эрон камтар эҳсос мекунанд, ки ночоранд худашон низ силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд.

 Трамп дар рақобатҳои интихоботии худ тавофуқи ҳастаии Ғарбу Эрон, мавсум ба БАРҶОМ-ро “бадтарин тавофуқе, ки то ба ҳол бо музокира ба даст омада” тавсиф ва дар суханронии худ дар лоббии саҳюнистҳо дар Амрико авлавияти нахусти давлаташро барҳам задани ин тавофуқ эълом карда буд.