Пахши қисмате аз эътирофоти ҳамсари омили ҳамлаи Истанбул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11122-Пахши_қисмате_аз_эътирофоти_ҳамсари_омили_ҳамлаи_Истанбул
Расонаҳои Туркия бахше аз эътирофоти ҳамсари омили ҳамла ба клуби шабонае дар шаҳри Истанбул дар шаби крисмасро пахш карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 03, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Пахши қисмате аз эътирофоти ҳамсари омили ҳамлаи Истанбул

Расонаҳои Туркия бахше аз эътирофоти ҳамсари омили ҳамла ба клуби шабонае дар шаҳри Истанбул дар шаби крисмасро пахш карданд.

Ба иттилои манобеи арабӣ, дар филме, ки аз эътирофоти омили ҳамла ба клуби шабона дар шаби крисмас дар Истанбул пахш шуд, ҳамсари омили ин ҳамла, ки дар боздошт аст, гуфтааст, аз Қирғизистон дар рӯзи бистуми декабри гузашта ба ҳамроҳи ду фарзандаш вориди Истанбул шуданд ва ду рӯз пас аз он ба шаҳри Қуния сафар карда, ба мардуми онҷо гуфтаанд, ки ба дунболи шуғл ҳастанд .

Ин зан гуфтааст, ҳамсараш хонаеро ба муддати се моҳ дар Қуния иҷора карда ва рӯзи бисту нуҳуми декабр ӯ ва ду фарзандашонро раҳо карда ва ба шаҳри Истанбул рафтааст, то ҳамларо сурат диҳад .

Ӯ дар айни ҳол таъкид кардааст, ҳамсараш ҳеч иртиботе бо ДИИШ надошта ва ҳатто ҳеч тамоюл ё тарафдорӣ аз ин гурӯҳ ҳам аз худ нишон надодааст .

Тибқи ин гузориш, хабаргузории расмии Анатолия тайид кардааст, ки омили ҳамлаи ахири Истанбул аз Қирғизистон ба Туркия омадааст, бо ин ҳол гуфта мешавад, ӯ туркистонитабор ва аз уйғурҳоӣ туркистони шарқии Чин аст .

 Расонаҳои Туркия тасовиреро низ аз омили ҳамлаи Истанбул мунташир кардаанд .