Ҳароси “тройка”-и аврупоӣ аз партоби муваффақиятомези моҳвораи Сурайё
(last modified Sat, 27 Jan 2024 06:36:53 GMT )
Январ 27, 2024 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси “тройка”-и аврупоӣ аз партоби муваффақиятомези моҳвораи Сурайё

Партоби муваффақиятомези моҳвораи Сурайё мутааллиқ ба Созмони фазоии Эрон, ҳарос ва асабонияти се кишвари Британия, Фаронса ва Олмон (“тройка”-и аврупоӣ)-ро ба ҳамроҳ дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, моҳвораи Сурайё, як моҳвораи эронӣ аз ҷумлаи моҳвораҳои таҳқиқотии сохти Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон аст, ки бо моҳворабари Қоим 100 , ки ҳосили талоши нухбагон ва донишмандони нируи ҳавофзои Сипоҳ аст, сафари худ ба мадори 750 километрии заминро бо муваффақият пушти сар гузошт, то як рекорди тоза дар ҳавзаи қарор гирифтани моҳвора дар баландии навро ба сабт бирасонад.

 Ба гузориши ИРНА, тройкаи Аврупо рӯзи ҷумъа дар баёнияе, ки як нусхаи он дар торнамои Вазорати хориҷаи Британия мунташир шуд,ин пешрафти чашмгирро «таҳдид» номиданд.

 Ин се кишвар дар ҳоле, ки маҳдудиятҳои мушакии Эрон бар асоси тавофуқи соли 2015 ба поён расидааст, иддао карданд: Эрон алорағми дархостҳои мукаррари байналмиллалӣ барои таваққуфи он ва пас аз солҳо нодида гирифтани маҳдудиятҳои Созмони Миллал, ба тавсеаи барномаи мушакии худ идома медиҳад.

 Дар ин баёния иддао шудааст: Партобҳои аз ин даст ба Эрон иҷоза медиҳад фановариҳоеро озмоиш кунад, ки метавонад барои тавсеаи бештари барномаи мушакҳои баллистикии худ, ки таҳдиди муҳимме барои амнияти минтақае ва байналмиллалӣ ба шумор меравад, истифода кунад.

 Дар бахши поёнии ин баёния иддао шудааст: Давлатҳои Франса, Олмон ва Британия ҳамчунон мутааҳҳид ҳастанд, ки ҳар гоми дипломатиро барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ бардоранд ва Эронро ба хотири фаъолиятҳои бесуботкунандааш дар минтақа ва байналмиллалӣ посухгӯ нигаҳ доранд.