Ихтори Девони байналмиллалии додгустарӣ ба режими саҳюнистӣ
Раиси Девони байналмиллалии додгустарӣ бо баёни инки шароит барои анҷоми иқдомоти изтирории муваққат дар бораи режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза вуҷуд дорад, гуфт: Мардум Фаластин таҳти ҳимояти Конвенсияи зидди наслкушӣ ҳастанд ва Исроил бояд муқаррароти ин конвенсияро риоят кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Ҷоан Донохю-раиси Додгоҳи Гаага рӯзи 26 январ раъйи худро дар хусуси «иқдомоти изтирорӣ ва муваққат» барои таълиқи фаъолиятҳои низомии режими саҳюнистӣ дар Ғазза эълом кард.
Ин додгоҳ аз режими саҳюнистӣ хост барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ иқдом кунад.
Вай дар ин ҷаласа гуфт: «Девон аз фоҷиаҳое, ки дар Ғазза рух медиҳад, бисёр огоҳ аст ва куштори ҷорӣ дар Ғаззаро маҳкум мекунад».
Раиси Девони байналамиллалии додгустарӣ афзуд: Додгоҳ дархости Исроил барои канор гузоштани парвандаро рад мекунад.
Ҷоан Донохю бо ишора вазъияти буҳронӣ дар борикаи Ғазза ва шаҳодати беш аз 26 ҳазор фаластинӣ таъкид кард: Исроил бояд иқдомотеро барои беҳбуди вазъияти инсонӣ дар навори Ғазза анҷом диҳад ва тайи як моҳ тамоми иқдомоти муваққати эҷодшударо ба додгоҳ гузориш диҳад; Ин ҳукм тааҳҳудоти ҳуқуқии байналмилалиро бар Исроил таҳмил мекунад.
Пеш аз ин низ кишварҳои мухталиф ва гурӯҳҳои мардумии бисёре дар ҷаҳон аз пайгирии ин шикоят алайҳи режими саҳюнистӣ ҳимоят карданд.