Феврал 01, 2024 10:04 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоии Амрико ва Британия ба Яман
    Идомаи ҳамалоти ҳавоии Амрико ва Британия ба Яман

Манобеи хабарии шомгоҳи чаҳоршанбе аз ҳамлаи ҳавоии муҷаддади Амрико ва Британия ба шимоли Яман хабар дод.

Шабакаи яманӣ « Алмасира » гузориш дод дар ин ҳамлаи шимоли устони Саъда мавриди ҳамлаи қарор гирифтааст .Бо ин ҳол , расонаҳои яманӣ ҷузъиёти бештарӣ дар бораи ин ҳамла мунташир накардаанд .

Иттилооти аввалия ҳокӣ аз он аст ки ин ҳамла талафот ба дунбол надоштааст .Идомаи ҳамалоти ҳавоии Амрико ва  Британия ба Яман дар ҳоле аст, ки « Абдулмалики Алаҷрӣ » узви дафтари сиёсии Ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман пештар ҳушдор дода буд : Ташдиди танишу ҳамла алайҳи мо , ҳаргиз мунҷар ба ҳали буҳрони дарёи Сурх нахоҳад шуд. Алаҷрӣ афзӮд : Ташдиди ҷанги алайҳи мо , ҳамчунин монеъ аз он нахоҳад шуд ки Яман аз кумак ва ёрии Фаластин даст бардорад .

Вай пештар низ ба ҳамалоти Амрико ва  Британиая алайҳи Яман ишора ва онро дар ростои тадовуми ҳимоят аз режим саҳюнистӣ донист ва эълом кард : Амрико амнияти дарёи Сурхро ба хатар андохтааст.Алаҷрӣ таъкид кард : Танҳо убури киштиҳои исроилӣ ё киштиҳое, ки ҳомили коло ба ин режим ҳастанд , мамнӯъ аст , аммо Амрико ба дунболи ин аст ки авзоъро ба ҳамаи киштиҳо таъмим диҳад .

Ба гуфтаи узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ , ҳамлаи Амрико ба Ямани омил бесаботӣ ва  таҳдид барои киштиронии байналмилалӣ аст , зеро бисёре аз ширкатҳо пас аз таҳаррукоти Амрико эълом кардаанд ки аз дарёи Сурх убур намекунанд. Неруҳои мусаллаҳи Яман ба дунболи ташдиди ҳамалоти режими Исроил ба навори Ғазза ба ҳеҷ киштии исроилӣ ва  киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластин ишғолӣ аст , иҷозаи убур аз дарёии Сурх ва  тангаи Боб ал-Манаб надодаанд .

Амрико пас аз шиддат гирифтани амалиётҳои Яман алайҳи киштиҳои исроилӣ эътилофиро барои муқобила бо неруҳои мусаллаҳи Яман ташкил дод. Амрико ва  муттаҳидони ин кишвар пештар низ манотиқеро дар Яман мавриди ҳамла қарор дода буданд , аммо неруҳои мусаллаҳи Яман дар посух ба ин ҳамалот киштиҳои амрикоиро ҳадаф қарор додаанд .

Барчасп